Раиси ба ном созмони “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ санаи 3 май дар суҳбати охири худ дар шабакаи байналмилалии Ютуб бори дигар аз муҳимияти риш, сатри аврат, масҷид, озодии баён ва сухан ҳарф зада, чун ҳамешагӣ худро доно, ҳушманд, “дӯстдори халқ” тарошида, рӯирост дар ҳаққи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон борони тӯҳмату бӯҳтонро рехт . Аз ҷумла гуфт, ки дар Тоҷикистон масҷидбандӣ хеле зиёд шуда, озодии ақида ва дин маҳдудият шудааст. Гӯиё дар Тоҷикистон умуман озодӣ нест. Ин нафратзадаҳои халқ имрӯз дар хориҷи кишвар бо пулҳои ҳангуфти хоҷагони бегона мехоҳанд афкори мардумро бо бадбиниву кинаву адоват комилан дигар кунанд. Ӯ ҳамеша дар суханронии хеш аз дини мубини ислом ва авлавиятҳои эҳсоси динӣ сухан мекунад, аммо худ аркони диниро риоя намекунад.

Маврид ба зикр аст, ки дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм, ифротгароӣ, таассубу хурофотпарастиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Бояд мо ҳар ҳарфу ҳиҷои Муҳиддин Кабириро дар мизони ақл ва идрок бар кашем. Магар Тоҷикистон дар масири беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ ба ягон дастовардҳо ноил нашуд? Магар мусулмонро ба тафриқа андохта, ришу масҷидро баҳона кардан аз рӯи адолат аст.

Маврид ба зикр аст, ки  дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ: “Ал-қоида”, “Ҳизб-ул-таҳрир”, “Салафия”, “Ҳизби наҳзати исломӣ”, “Бародарони мусулмон”, “Ҳизби исломии ӯзбекистон” (собиқ ҳаракати исломии ӯзбекистон), “Лашкари тайба”, “Ҳаракати толибон”, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони озод”, “Ансороллоҳ” ва амсоли инҳо давоми солҳои 2009, 2014 ва 2015 манъ карда шудааст.

Вале, мутаассифона баъзе аз тоифаҳои ҷавонони мо дидаю дониста ё бо роҳи фиребу гумроҳӣ, ки бештари онҳо фарогири гурӯҳҳои ҷавонони бекор, дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, камсаводон, гумроҳшудагон ва аз таълиму тарбия коста мебошанд ташкил медиҳанд. Онҳо бо рафтору муносибати нописанди худ ба номи “ҷавонӣ” ѓараз оварда, ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ даст мезананд ва ё ба гурӯҳҳои тундрави ба ном “исломӣ” шомил мешаванду ҳаёти худро доѓдор ё ҷони худро зери хатар мегузоранд. Онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ дошта, ҳадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “давлати исломӣ”-ро доранд. Дар ҳоле, ки мувофиқи моддаи 1 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд”. Сафарбар намудани нерӯи зеҳнии ҷавонони болаёқат  аз ҷумла барномасозон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносони ҷавон бар зидди ақидаҳои бегонапарастӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ.

Муҳимтар аз ҳама дар байни ҷавонон ба вуҷуд овардани ваҳдати воқеӣ дар пиёда кардани сиёсати давлату ҳукумат ва бедор кардани эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ вазифаи муқаддас маҳсуб мешавад.

А. Боқиҷонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд