Бахшида ба Рӯзи соҳибқирони шоирон устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки донишҷӯён  ва устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Доншгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ ва шеъри оламгири форсӣ» доиир гардид. 

Конфронсро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада Таибахон Бобоева ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла таъкид дош, ки “Ашъори безаволи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати мардуми олам аст, дар маҷмўъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рўдакӣ барои тамоми наслҳои баъдина василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рўдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рўдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ў зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист. 

Сипас бобати зиндагиномаи ва фаъолияти устод Рӯдакӣ аз ҷониби устоди кафедра Шафоатхон Файзиева маърӯзаи ниҳоят пурмӯҳтаво пешниҳоди иштирокдорон гардид. 

Суруди Аврангзеби Мирзошариф аз рӯйи ғазалиёти шоир ва қироати шеърҳо аз ҷониби ғолибон хотири аҳли иштирокдоронро болида сохт.  

Ҷоиз ба зикр аст, тайи чанд рӯзе, ки миёни донишҷӯён озмун аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин хонандаи ашъори Рӯдакӣ», «Беҳтарин иншо дар мавзӯъи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ» ва «Беҳтарин сарояндаи ашъори Рӯдакӣ » гузаронида шуда буд ва дар конфронси мазкур ғолибон муайян гардиданд. Ҳамин тавр: Алишер Ҷӯраев, Мӯҳсинҷон Ҷӯраев, Аврангзеби Мирзошариф, Таҳмина Мирсаидова ва Фарҳод Раҳмонзода аз рӯйи номинтасияҳои номбурда ғолиб дониста шуданд.