Ба хотири он, ки фазои сулҳу Ваҳдат ва ягоангӣ дар кишварамон ҳамеша пойдор ва ояндаи миллатамон дурахшон бошад, моро мебояд, ки ба тарбияи ҷавонони худогҳу меҳанпараст аҳамияти ҷӣдди дода бошем.

Миллати тоҷик, пас аз ба даст ваордани Истиқлолияти давлатӣ бо уммеду ормонҳои арзи ҳастии он барои ояндагон аз ҷавонон хоҳиш намуданд, ки ин неъмати волоро гиромӣ дошта барои устувории пояҳои он ҳамеша талош намоянд. Зеро ояндаи Тоҷикистон бо қуввааи созандаи маҳз ҷавонон дурахшон хоҳад гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои имрӯзаю ояндаи давлат ва ҷомеа дониста барои солимии ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро муҳайё сохтааст.

Таълиму тарбия воқеан ҳам раванди басо мураккаб, пуртаззот ва заҳмат талаб аст, тадқиқотҳо нерӯи зиёд ва  ҷидду ҷаҳди пайвастаро мехоҳад. Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Ба таълиму тарбияи шоиста ниҳодҳои гуногун масъуланд, вале аз ин миён се ниҳоди сиёсӣ мавқеи марказӣ ва ҳалкунанда дорад. Таълиму тарбия дар пайвастагии се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа руҳу равони воқеӣ пайдо мекунад”. Оре агар имрӯз мо тарбияи худогоҳии миллӣ ва ҳисси масъулиятшиносии фарзандонамонро назорат накунем, фардо пеш аз ҳама ҷони моро ба дард меорад. Маҳз ба ҳамин хотир мо пеш аз ҳама онҳоро дар руҳияи втандҳудогоҳии миллӣ ва ҳисси баланди ифтихори меҳандорӣ тарбият намоем.

Бояд қайд кард, ки оила саргаҳи худшиносию худогоҳии ҳар як ҷавонони имрӯза аст. Дар тӯли сад солаҳо оилаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаанду ва ба камол расонидаанд, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои зиёди таърихиро ба анҷом расониданд.

Имрӯз модарони моро зарур аст, ки ба дастовардҳои истиқлолият, пойдевори давлати миллӣ сулҳу субот, ваҳдат, тинҷию амониро дарк намуда барои боз ҳам мустаҳкамии ҷомеа фарзандони худро дар руҳияи ҳушёр будан, худогоҳу худшинос будан, арзишҳои миллиро пос доштан тарбия намоем.

Наврасонро тарбия намуда, барои ҳаёт омода сохтан ин як санъату маҳорати  бузург аст.  Аксари ҷавононе, ки дар биёбонҳои араб меҷанганд, зархариданд. Барои онҳо дину оин , имону инсонгарӣ воситаи пулу сарват ба даст овардан аст. Ин гуна ҷавононро шахсоне гумроҳ мекунанд ва мехоҳанд ба ҷамъият хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Раванди ифротгароӣ ба монанди терроризм, экстремизм, ҳаракатҳои ваҳҳобияю салафия ҷомеа ва ҷавононро ба сӯи исломи сиёсб кашида истодааст.

Барои гумрорҳ нашудани ҷавонон, ки имрӯз аз тарафи давлату Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳо ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳатии фикри солим доштани онҳо муҳайё гардидааст. Пас вазифаи мо устодону волидон танҳо аз иборат аст, ки бояд ба ҷавонон арзиши олии ин неъматҳоро фаҳмонида, барои зиндагонии шоиста онҳоро ҳидоят намоем.

Ободии Ватан, пойдории сулҳу ваҳдат ва суботи минбаъдаи Тоҷикистон танҳо дар дасти ҷавонони ояндасоз аст. То имрӯз падару бобоёни мо давлатдорон, Ватандӯстон барои имрӯзи дурахшони мо басо ҷонбозиҳо намуданд, ки озодона зиндагӣ кунем, пас фардои дурахшон низ дар дасти ҷавонон аст.

Азизахон Мақсудова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд