Вожаи “терор” ё “терроризм”, ки имрӯз дар воситаи ахбори умум хеле зиёд вомехӯрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад. Ин зуҳуроти номатлубу даҳшатовар таърихи тӯлонӣ низ дошта,то ин сатҳ доман густурдани он албатта таҳқиқу тадқиқоти сиёсию ҷомеашиносӣ ва ғоявию маънавиро тақозо дорад. Коршиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои пайдоишу рушди терроризмро ҳамаҷониба омӯзанд. Зеро чунин зуҳуроти тоқатшикани даҳшатзор имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо мехонему дарк мекунем, ки қисми зиёди террористон дар Шарқи мусулмонӣ хатто дар Аврупою Амрико паҳн парчами исломро баланд бардошта, зери он “Давлати исломӣ бунёд месозем”, гуфта ба куштору даҳшатоварӣ машғул мешаванд. Вале ҳамон наве, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ва такрор таъкид менамоянд, “терроризм, дин, маҳсаб, миллат, ватан надорад”. Ва дар асл ҳам дар ягон китоб ягон дин, хусусан дини ислом нахондаем, ки инсон ба хотири ҳадафу маромҳои нопоку ношоистаи худ худкушӣ кунад ва туфайли худкушии худчандин бандагони дигарро бечон намояд. Ҳам ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопок, ҳатто куфру бедиёнатӣ медонанд. Пас суоле ба миён меояд, ки террористиҳои маргталаб дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми дини амал мекарда бошанд? Ҳаводиси нангину марговари террористи мамолики Шарқи исломӣ ва ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон водор месозанд, ки имрӯз аҳли хирад, донишмандону мутаффаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон рохҳою усулҳои пешгирии чунин амалиётҳои номатлубу дунёбезоронаро ҳар чи зудтар дарёфт намоянд. Баръакси ҳол, терроризму экстромизм шубҳае, нест, ки ба аксарияти мамолики дунё метавонад сироят кунад.

 

Комилова Маҳбуба Ёдгоровна – омӯзгори калон