ТАНГЧАШМОНИ ТАНГНИГАР

Марди жӯлидамӯ, кӯҳанпӯш, ки дар пойҳояш  ҳатто пойафзол надошт, дар канори саҳрои тасфони домони деҳаи Чилгазӣ малулхотир нишаста буд. Аз куҷое марди болоқад савори аспи саманд наздаш пайдо шуд ва чанд дақиқа болояш сукут кард ва аз ҳоли мард пурсон шуд. Ӯ канда - канда бо забони қирғизиву ӯзбекӣ вазъияташро фаҳмонд. Айён шуд, ки муҳоҷир асту аз шаҳри дур омадааст, то қути лоямуте ёбад ва худрову фарзандонашро, ки дар маҳаллаи Равот муваққатан  сукунат дорад, аз марг наҷот диҳад. Ҳиси раҳм боло гирифт ва мард ӯро ба хонааш даъват кард, меҳмондорӣ намуд ва таклиф кард, ки ҳамроҳаш ба боғдориву чорводорӣ машғул шавад. Мард ваъда ҳам  дод, ки дар саргаҳи замин хона ҳам бунёд карда медиҳад. Ҷавонмарди қирғиз, ки Юлдош ном дошт, аз ин таклиф  хушҳол шуда, бо андаке савғои  дӯсти ғамхори тоҷикаш сӯи наздиконаш  рафт ва чанде нагузашта бо оилааш ба назди хонаи марди маҳаллӣ кӯчид.  Фарзандонашро ба мактаби деҳа дод, ҳамсараш корҳои рӯзгордоиро аз бонуи хонадони дӯсти тоҷикаш ёд гирифт. Худаш ба кори деҳқониву чорводорӣ паҳлӯ дар паҳлӯи фарзандони тоҷикаш софдилона саъй варзид. Аз байн солҳо гузаштанд, чанд сад қирғизоне, ки бо нияти чорводорию деҳқонӣ  барои кор ба заминҳои оилаҳои тоҷикон омада буданд, ҳамагӣ аз қитъаи Равот, ки заминҳои меросии мардуми тоҷик буд, соҳиби замину хонаву дар шуданд. Азбаски давлати шӯравӣ ҳукмрон буд, касе ҳатто фикр ҳам намекард, ки рӯзе ин пораи замин ва дигар заминҳои дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Рашт, Ҷиргатол буда ба Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя мегузарад.  “Юлдоши қирғизи тоҷикшудаи мо” ҳамин тавр мегуфтанд, хонадони амаки Абдунабӣ – саркор пас аз ду сол мисли дигар қирғизони соҳибиқбол соҳиби хонаву дар гардиданд.  Пайвандии хонадон ба ҳадде мустаҳкам гардид, ки онҳо бе якдигар обе ҳам наменӯшиданд. Фарзандони Юлдош дар беҳтарин муассисаҳои олии касбии шаҳри Фрунзе ҳозира (Бишкек) савод ва касб омӯхт. Дар ин миён ҳам Юлош ва ҳам дӯсти тоҷикаш, саркори номии хоҷагии “Боғистон”  Абунабӣ саркор бо амри тақдир ин дунёро тарк гуфтан. Бо рафтани онҳо риштаҳои дӯстии пайвадони тоҷику қирғиз ҳам оҳиста канда шуд.

Азбаски аксари заминҳои ҷамоати деҳоти Чилгазӣ корам асту дар гардиши кишоварзӣ қарор дорад, роҳбарияти шаҳр 15 сол пеш аз сарҳади байни тоҷикону қирғизон барои мардум қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуданд. Наздики сад хоҷагӣ манзил бунёд карда он ҷо кӯчиданд.  Аммо дар тӯли ин солҳо ҳоли онҳо хеле ва хеле табоҳ аст. Зеро мардуми “таҳҷоӣ”, онҳое, ки замоне подабон буданду ҷои зист надоштанд, бо гузашти анқариб панҷоҳ сол имрӯз даъво мекунанд, ки ин ҷо макони онҳост. Тавре Сайфуллоҷон фарзанди Абдунабӣ саркор мегӯяд мо худи забонкӯтаҳ барин бо онҳо муомила мекунем. Сари чанд вақт аз пушти об, ҳезум, чаронидани мол бо ҳам вориди баҳс мешудем.  Чархи гардонро бубинед – мегӯяд Сайфуллоҷон- қирғизоне, ки замони аз лӯлӣ бадтар зиндагӣ мекарданд, соҳиби заминҳои калони обию чарогоҳӣ ҳастанд ва баъзе аз модарону хоҳарони мо, ки имрӯз ба мардикорӣ шуғл меварзанд бар ивази 60 – 70 сомонии кори рӯзбайъ хонаю дари онҳо мерӯбанд, ҳатто ҷомашӯи мекунад. Косаи сабри сокинон лабрез буд, ки шаби 15 сентябр як гурӯҳ аз аскарон бо ҳамроҳии сокинон ба маҳалла шабехун зада, хонаҳои моро оташ заданд ва бо танку тӯп онҳоро ба замин яксон карданд, ки миёни онҳо набераи Юлдошамаки қирғизи тоҷикушуда ҳам буд. Охир чӣ тавр алам накунад, дар як вақти кӯтоҳ се нафар аз ҳаммалаҳоро, ки риштаи дӯстӣ доштан аз даст додем, ман ва аҳли оилаам бо ҷумлаи наздик ба 16 нафар бесарпаноҳ мондем. Ҳатто ҳуҷҷатҳо ва як миқдор пуле, ки ба нияти тӯй захира карда будам, дар оташ сӯхта нобуд шуд. Ҳоло ҳайронам корро аз чӣ шурӯъ намоям. Ҳамаи аҳли хонадон дилмонда, дубора хоҳиши баргаштан ба мавзеи “Дӯстӣ” надоранд. Аз амали ноҷавонмардонаи аскарону сокинони қирғиз чунин хулоса баровардан мумкин:  Ба нафаре, ки рӯзе некӣ кардем, имрӯз моро аз поямон меқапад. Магар аз ин ноодамӣ бадтар чизе ҳаст.

ДИЛИ ОДАТ КАРДА БАЛОИ ҶОН

Ба назар чунин менамояд, ки қирғизон хӯйи хунхуриашон, ки омад зуд монанди саг арғамчини дар гарданашонро бударо бо дандон хойида новобаста ба фармони соҳибонашон сӯи издиҳоми бегуноҳ бо нияти газидан медаванд. Ҳодисае, ки санаи 14 сенябр дар минтақаи КЕХ-и ҷамоати деҳоти Ворух рух дода, айнан чунин ҳолро мемонад. Вақте онҳо ба сӯи сарҳадбонони мо тир мекушоянду ду нафарро ба марг расонида 5 нафарро ярадор месозанд, дар посух ҷавоби сазовор мегиранд. Аз ин ҳолат қумандоҳои бадхашми қабилаи манқуртон лашкари зиёдеро, ки қаблан тарҳрезӣ карда буданд зиди мо мешӯронанд. Онҳо гумон доштанд, ки сарбозони далеру шуҷои мо дар ғафлат мемонанд, аммо тирашон хок хӯрд.  Бо иродаю қувваи сарҳадбонони мо истодагарӣ накарданд. Аҷибаш он аст, ки худ ҷангро оғоз бахшида, аз тамоми воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва ҳатто тавассути минбари расонаҳои Русияву Қазоқистон Тоҷикистонро ба шурӯи низоъ муттаҳам намуда, даҳонашонро пур карда се нафар қирғиз ярадор шуд гуфтанд. Ҳол он ки ҷониби Қирғизистон чанд ҳафта пештар ба ин ҷанг омодагӣ дида, сокинони осоиштаро ба ҷои бехавф кӯчонида буданд. Мувофиқи нақша онҳо ҳамларо дар ҳамаи нуқтаҳои сарҳади якбора шуруъ намуданд. Низоъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бештар шуд. Аз ин ҷанги хонумонсӯз бештар аҳолии осоиштаи мо, ки ҳаргиз ба бераҳмии қирғизон бовар надоштанд, бештар шуд.

Маҳмудҷон Акрамов, сокинони деҳаи Хизтеварз зимни суҳбат иброз дошт, ки ба миллати қирғиз дӯстӣ нашояд. То нисфирӯзӣ бо ту дӯстӣ мекунад ва аз аҳду вафо сухан мекунад, пас аз нисфирӯзӣ бо ту душманӣ. Ҳоло соле ҳам сипарӣ нашудааст, ки бо роҳнамоии Раиси вилоят дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ширкати раисони шаҳру ноҳияҳо маъракаи оши оштӣ доир карда шуд. Хурду бузурги қирғиз, ки пешопешашон оқсақолон низ зиёд буданд, даст ба оғӯш гирифта гузаштаро саловот гуфта, аз сулҳу салоҳ, одаму одамгарӣ сухан карданд, аммо ба аҳдашон наистоданд.

                   ИФТИХОР АЗ “БАЙРАҚДОР”- И ТОҶИККУШ

Дар яке аз сомонаҳои бонуфузи мусалмонии ҷаҳонӣ Сарвари давлати Туркия Раҷаб Тайиб Эрдоганро дар қатори 10 мусалмони беҳтарини олам гузоштаанд. Сабаб он ки ӯ ва аҳли хонаводааш 5 вақт намозро тарк намекунанд ва либосҳои фохираи аврупоӣ намепӯшанд. Ӯ корро аз дуои модар оғоз карда, дар як худи шаҳри Истанбул бо қувваи давлат ва Ҳукумати Туркия зиёда аз 100 масҷидҳо азнавсозӣ карда шуданд. Аммо ин рақам хушҳолкунанда аст ва кас аз ин амали Президент васф мекунад. Аммо Раҷаб Тайиб Эрдоган дидаву дониста, ки баҳсҳои марзӣ байни тоҷикону қирғизон сол аз сол авҷ мегирад, ба хотири тоҷиккушӣ ду самолоёти бесарнишини қиркунандаро ба Қирғизистон дод. Дурӯғ аст, ки онро ба арзиши 60 миллион доллар фурӯхта бошад.

Аз ин силоҳи муосири қиркунанда ҳарбиёни қирғиз истифода бурда, пас аз сулҳи оташбас ба сӯи намозгузорони сокинони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача оташ кушоданд. Ҳосили ин  ҳодисаи гӯшношунид, бераҳмии махсуси бедилу бединон марги 10 намозгузоранда гардид.  

Як рӯз пеш аз ин фоҷеа пас аз сулҳи оташбас  5 узви як хонадони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз зарби снаряди қирғизони лаъин ҷароҳати вазин бардошта, ҳини интиқол ёфтан ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар канори деҳаи Чорқишлоқ ҳадафи снаряди қирғизон гашт. Дар натиҷа 5 узви як хонадон, ки миёни онҳо ду навраси 5 ва 7 сола, модари ҳомиладор ҳам буданд, ҳамроҳи духтур ва ронанда ҷон ба ҳақ супориданд.

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷаппаров бошад, дирӯз аз минбари баланди Созмони Миллаи Муттаҳид шарм надошта, қайд намуд, ки мардуми қирғиз ба ҳеҷ ваҷҳ ҷониби Тоҷикистон оташ намекушоянд ва саркардаҳои ҷанг тоҷиконанд.  Магар чунин баҳогузории роҳбари як давлат, ки дар сӯҳбати хос ба тоҷикон “эҳтиром” меварзаду аз чунин як минбари баланд тоҷикро қотил, душмани ғаддор мешуморад, метавон дӯстӣ варзид. Ҳаргиз.

НОН МЕХУРЕМУ БА НОН ТУФ НАХОҲЕМ КАРД

Миллати тоҷик дар масири дуру дарози ватандории хеш борҳо ҷабри таърихро кашида,  чун миллати соҳифарҳанг ва соҳибхирад будани хешро бо аламу қалам собит намудааст. Миллати тоҷвари моро имрӯз боз як имтиҳони таъриху тақдир дар пеш аст. Аҳримансифатону манқуртони давр, ки тинҷиву осоиштагӣ барояшон мусибат ҳасту ҷангу нооромӣ мояи шодмонӣ, имрӯз табли шодӣ мезананд ки ба мақсадҳояшон расиданд. Аммо онҳо заррае андеша надоранд, ки тадбири роҳандозӣ кардаашон   моро боз ҳам дар атрофи идеяи миллӣ, ғояҳои давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон муттаҳидтар мекунад. Худ бубинед имрӯз ҳазорон - ҳазор родмардони Ватан, онҳое ки ҳар ваҷаб хоки меҳанро марзи номус медонанд омода ҳастанд паҳлӯи афсарону аскарон бошанд. Миллати мо аз азал танҳо тинҷиву оромиро мехост, аммо агар зарурат пеш ояд ҳазорҳо Рустаму Сӯҳроб, Исфандиёри руитанро барои дифои Ватан таваллуд мекунанд. Ҳоло фурсате даррасида ки мо ақлу заковат ва некбинии худро нишон диҳем. Онҳое ки ба сӯи сокинони осоишта, дабистон тир холӣ кардан, аз табори одам нестанд. Чеҳраи маҳзуни модарон, садои гиряи кӯдакони бегуноҳ, ки паи таълим ҳастанд, пешорӯи мақсадҳои нопоки манфиатхоҳон ҳеҷ аст. Магар ҳамсоягони мо, ки тӯли садсолаҳо аз мо маданияти заминдорӣ, рузгордорӣ омӯхтан бо чунин шева бароямон ҷавоб мегӯянд. Куҷост қадри ҳамсоягӣ, куҷост қадри одамӣ. Ҷанг дар ҳама давру замон фарҷоми хуб надорад. Ба ҷузъ аз чанд "қаҳрамон". Пас аз оқсақолони рузгордидаи ҳамсоякишвар даъват ба амал меорем, ки вақти сари оши оштӣ менишинанд, ба қадри нону обу якҷояхурда расанд. Вагарна қаҳри  Худованд низ меояд. Мо миллати воҳидем ва ҷабри таърихро бисёр дидаем. Нон хӯрда ба нондон туф намекунем.

 Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд