Ба ифтихори 76 –умин солгарди Рӯзи Ғалаба бо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабинии адабӣ –фарҳангӣ доир гардид.

Чорабинро ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муллоусмонова Гулчеҳра ҳусни оғоз бахшида баён дошт, ки 9 май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг некӣ ба бадӣ ва дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукӯҳ таҷлил мешавад. Мардуми шарафманди тоҷик низ дар қатори дигар халқҳои озодихоҳ ва сулҳпарвару мутараққии ҷаҳон ҳар сол иди Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди истилогарони фашистӣ бо тантана ва шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Намоиши саҳнавии умум аз тарафи аъзоёни маҳфили “Фарҳангшиносӣ” бо номи “Ҳимоятгарони Ватан” пешкаши тамошобинон гардид.

 

Сипас,  иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, устоди донишкада Ҳофизов Ҳофиз  ва устоди  фанни таърих Махкамов Абдуҷаббор ба ҳозирин доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақлҳои ҷолиб намуданд. Баромадкунандагон аз ҷумла зикр намуданд, ки  дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Бо нишони қадрдонии диловарию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд. Дар ин Ғалабаи бузург бисёр занону духтарон низ саҳм доштанд. Бештар аз 20 ҳазор занони Тоҷикистон барои фидокориҳояшон дар ақибгоҳ бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар ҶБВ-ии солҳои 1941-1945» мукофотонида шуданд. Умуман хизмати аҳолии Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ қаҳрамонона буд ва беш аз 102 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳои давраи ҷангӣ мукофотонида шуданд.

Қаҳрамонӣ, диловарию ҷасорат, муҳаббати зиёди нисбат ба халқу Ватани худдоштаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои наслҳои имрӯзу фардо мактаби бузурги ватандӯстӣ мебошад.

Яке аз шоирони ҷавон  донишҷӯи курси 1 Аминзода Абдусаттор шеъри шоир бузург Саъдии Шерозӣ бо номи “Бани одам аъзои якдигаранд” илҳом гирифта, шеъри ба тозагӣ иншонамудаашро пешкаши аҳли нишаст намуд.

Донишҷӯёни донишкада, аъзоёни маҳфили “Фарҳангшиносӣ”  дар васфи Ватан  забонҳои тоҷикӣ, русӣ, украинӣ, узбекӣ  шеърҳо қироат намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ дар мавзӯи ҷанги шадид суруди «Комбат»  (Команда баталион) аз тарафи донишҷӯён сароида шуд.

 Дар хотимаи чорабини шеъри шоири тоҷик М.Қаноат “Бародарам” – аз тарафи донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 250104 та, Қурбонқулов Ҷаҳонгир қироат гардида,  чун хотирот дар байни шеър ва саҳнаи давраи ҷангӣ бо номи  «Хотирот аз давраи ҷанг» аз тарафи аъзоёни маҳфили “Фарҳангшиносон” намоиш дода шуд.

шуд Доир ба таърихи мактубнависӣ ва то ба модарон расидани он   монолог бо номи “Мактуб ба модар” аз тарафи донишӯи курси 2, гуруҳи 400101 та Шокиров  Пайрав қироат карда.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён  суруди умумигурӯҳӣ  бо роҳбарии Қосимов Диловарҷон баҳри болидахотирии иштироккунандагон эҳдо гардид.