Ба ҳамагон маълум аст, ки бе рушди бемайлони соҳаи саноат мамлакати мо дар сафи кишварҳои кишоварзии ақибмондаи ҷаҳон боқӣ мемонад.  Барои ҳамрадифу ҳамқадами мамолики пешрафтаи олам шудан, Тоҷикистонро зарур аст, ки ба рушди соҳаи саноат, дар навбати аввал ба истихроҷи маъданҳои зеризаминӣ, хоса саноати сабук эътибори ҷиддӣ диҳад. Лекин соҳаи саноатро, чи дар гузашта ва чи имрӯз, бе қувваи фаровони барқ тараққӣ додан амри маҳол аст. Аз ин сабаб, ҳанӯз аз оғози солҳои 2000- ум Пешвои миллат ба инкишофу рушди соҳаи тавлиди барқ, хоса барқи тоза аҳамияти калон медоданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш  оид ба рушди босуръати гидроэнергетикӣ гуфтаанд, ки «… рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои г--идроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад… Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро мавриди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар медонем».

Мо дар ёд дорем, ки баҳри таъмини аҳолии куҳандиёри тоҷик бо неруи арзону аз лиҳози экологӣ тозаи барқ, афзоиши иқтидорҳо ва ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ сохтмону ба истифодадиҳии як катор иншооти бузурги тавлидотии   неруи барқ  ба роҳ монда шуд, ки дар сархати ин феҳраст номи неругоҳи барқи обии “Роғун” қарор мегирад.

Истиқлолияти давлатӣ муваффақияти бузург ва дар навбати худ ифтихори ҳар яки мо шаҳрвандони  Тоҷикистон  мебошад. Маҳз дар ҳамин давра  мо ҳамзамон  бо ташаккули ҷомеаи демокративу  ҳуқуқбунёд ба  муваффақиятҳои  бузург дар соҳаҳои  иқтисод, аз он ҷумла электроэнергетика ноил гардидем.

Дар ин муддат, давлату Ҳукумат ва миллати сарбаланди мо дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ, расидан  ба  истиқлолияти энергетикӣ ва равшану чароғон намудани хонадони ҳар яке аз шаҳрвандон камари ҳиммат бастанд. Дар натиҷа имрӯз ба чунин комёбӣ расидем.

Маҳз дар ин давра, дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 20 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 2 млрд.доллари ИМА татбиқ гардиданд. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа ин иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ ба монанди неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” (иқтидораш  670 МВт), “Сангтӯда-2” ( 220 МВт), “Помир 1” (28 МВт),  Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 ( иқтидораш 400 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ “Душанбе 500”, “ Суғд 500”,  хати интиқоли барқи 500 кВ “Ҷануб– Шимол” (ба масофаи 264 км), зеристгоҳҳои барқии 220 кВ “Лолазор”, ”Хатлон”, ”Айнӣ”, ”Шаҳристон”, ”Шаҳринав”, “Геран 2”, “Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО– и “Норак” ва НБО– и “Қайроқум”, хатҳои интиқоли барқи 220 кВ “Лолазор– Хатлон” (ба масофаи 53 км),  “Тоҷикистон –Афғонистон” (116 км), “Хуҷанд– Айнӣ” (83,2 км), “Қайроқум–  Ашт” (74 км), “Геран– Румӣ” (78 км), Қайроқум – Суғд (63 км), ва Айнӣ– Рӯдакӣ (95 км) ба масофаи умумии 565,8 км ба шумор мераванд.

Аммо бузургтарин дастоварди мардуми Тоҷикистон дар асри бисту як ин ба кор даромадани ду агрегати нахустини НБО “Роғун” мебошад. Дар ин миён аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то ба имрӯз беш аз 4,6 миллиард киловатт соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.

Аслан, талаби ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки на камтар аз 7 фоиз рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакатро ба миён мегузоранд, албатта, боиси афзоиш ёфтани талаботи солона ба нерӯи барқ дар ҳаҷми ду - дуюним фоиз мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчунин шумораи аҳолии мамлакат низ аз 5,5 миллион нафар то 10 миллион нафар расид, ки барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум талаботро ба нерӯи барқ торафт бештар мегардонад. Бинобар ин, аз ҷониби Президенти мамлакат тезондани рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ва пеш аз мӯҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва то моҳи декабри соли 2024 ба истифода додани агрегати навбатӣ - агрегати 4 уми НБО - и “Роғун” тақозои замон ҳисобида шуд.

Пешвои маҳбуб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари навбатии рӯзҳои 12 - 13 июли соли 2022 ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” вақти суханронӣ таъкид карданд, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар тӯли солҳои 2008- 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳоло дар ин сохтмони бузурги аср НБО- и “Роғун” 10 ҳазору 517 нафар коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият мекунанд. Теъдоди мошину  механизмҳое, ки дар ҷараёни сохтмон истифода мекунанд, ба 3219 адад расидааст.

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари навбатӣ, баъди шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва сӯҳбат бо коргарону мутахассисони неругоҳ чунин иброз доштанд:

“Соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли неруи барқ бо 20,6 миллиард кВт*соат расонида шуд, ки дастоварди назарраси соҳа мебошад”

Дар неругоҳи барқи обии “Роғун” дар давоми даҳ соли охир аз ҷониби ҳайати калони кормандони муҳандисию техникӣ ва ҳазорҳо коргарони ботаҷрибаи ватандӯст маҷмуи корҳои зиёди сохтмонӣ иҷро гардиданд. Имрӯзҳо бошад, сохтмони ин иншооти аср дар ҳошияи    дастуру супоришҳои нави Пешвои миллат босуръат идома дорад. Умед аст, ки бинокорон агрегатҳои навбатии НБО “Роғун” ро дар мӯҳлатҳои таъиншуда бо сифати баланд сохта ба истифода медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон 13 июли соли 2022, баъди шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии НБО “Роғун”, дар суханрониашон чунин гуфтанд:

“Вобаста ба татбиқи марҳилаи навбатии корҳои сохтмон, хусусан то сатҳи 1185 метр аз сатҳи баҳр баланд бардоштани сарбанд ва пур кардани обанбори неругоҳ нақшаи кӯчондани  аҳолӣ барои солҳои 2021- 2025 амалӣ гардида истодааст. Инчунин, соли 2021 лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун- Обигарм - Нуробод ба маблағи умумии 383 миллион доллар, яъне қариб чор миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи он то баланд гардидани сатҳи оби обанбори неругоҳ дар се марҳила ба анҷом расонида мешавад”.

Маълум аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли “энергияи сабз” аст. 98% неруи барқи мамлакат бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи шашум аст.

         Дар Роғун дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат бо нигаронӣ иброз доштанд:      “ Бо дарназардошти зарурати таъмин намудани талаботи мунтазам афзоянда бо неруи “барқи тоза” дар кишвар ва минтақа мо ният дорем, ки дар оянда боз даҳҳо неругоҳҳои барқи обии бузургу миёна, аз ҷумла Неругоҳҳи барқи обии “Шӯроб” - ро бо истифодаи ширкатҳо ва таҷрибаву малакаи коргарону мутахассисони дар сохтмони неругоҳҳи барқи обии  “Роғун” саҳмдошта бунёд намоем. Яъне имрӯз бо шарофати бунёдкорони Неругоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистони мо ба кишвари энергетикҳо табдил ёфтааст, ки бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо дар оянда ба хотири пешрафти кишвар ва зиндагии осудаи мардуми тоҷик даҳҳо иншооти энергетикии дигар сохта , ба истифода супорида мешаванд.

Мувофиқи нақша бар иловаи навбати  аввали НБО “Роғун”, дар ояндаи наздик бунёди дигар иншооти тавлиди неруи барқ, ба монанди “Себзор” (11 МВт), тадҷиди неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд”, “Қайроққум” ва сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи марказ (200 км) ва “CASA-1000“ (252 км), барқарорсозии зеристгоҳи барқии 220 кВ “Равшан”, ҷорӣ намудани низоми автоматии идоракунӣ ва назорати неруи барқ дар вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ гардидааст.

Айни замон, вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои “Сохтмони неругоҳи  барқи ҳароратии “Фон– Яғноб ” ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Шуроб”, ”Айнӣ”, ”Санобод”,”Нуробод– 1” Нуробод – 2” ва ”Фондарё” корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯӣ идома доранд.  Кишвари мо дорои захираҳои бузурги неруи обӣ буда, дар ҳолати истифодаи пурраи ин иқтидор дар ояндаи наздик метавонад ба давлатҳои ҳамсоя неруи барқро ба андозаи боз ҳам зиёд интиқол дода, вазъияти молиявии худро ба маротиб беҳ намояд.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  давраи то соли 2030 дар соҳаи энергетикаи мамлакат консепсияи нав таҳия шудааст, ки натиҷаи амалишавии он чунин нишон дода шудааст:

Рушди соҳаи электроэнергетика аз рӯи консепсияи мазкур таъмин карда мешавад, аз ҷумла:

1)      Иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10 ГВт расонида мешавад;

2)      Содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 миллиард кВт*соат расонида мешавад;

3)      Диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла, ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳаҷми на камтар аз 10% таъмин карда мешавад;

4)      Талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10% паст карда мешавад.

Дар маҷмуъ, мо метавонем, хулоса намоем, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикии кишвар дар замони истиқлоли давлати ба комёбиҳои бузург ноил гардида, дар ояндаи наздик бунёди силсиланеругоҳҳои обӣ дар кишвар идома ёбад.

Анвар  Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд