Агар мантиқан ба дастовардҳои давлати Тоҷикистон дар тӯли 25-30 соли охир  баҳо диҳем, бузургтарин дастовард, ин бегумон сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон басо калон аст.  

Ин дастовардҳо ба Раҳбари Паймони миллӣ ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ хуш намеояд. Чунки сулҳу ваҳдати миллӣ боиси ноком шудани ҲНИ ва роҳбарону хоҷагони онҳо гардид. Мақсади асосии ҲНИ бунёди давлати исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Барои ин амал аз ҷониби давлатҳои исломӣ маблағгузорӣ карда мешуд. Дар аввал ҲНИ тавонист якчанд равшанфикрони тоҷикро барои амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон ба сӯи худ ҷалб кунанд. Исломиҳо мегуфтанд, ки мо инқилоби фарҳангӣ мекунем. Онҳо мақсадҳои нопоки худро дар зери ливои фарҳанг пӯшонида буданд. Бинобар ин бисёр ҷавонони гумроҳ ва аз ҳақиқат дур ба ҲНИ пайвастанд ва ҷони худу дигаронро ба хатар гузоштанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-сол давом кард. Агар роҳбари давлат саривақт чора намеандешид ва барои сулҳу ваҳдат талош намеварзид, ҷанги шаҳрвандӣ тӯлонитар мешуд ва нобудии миллати тоҷик яқин буд.

Роҳбарони ҲНИ асосан аз Инқилоби исломии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон илҳом мегирифтанд. Аз шиорҳое, ки аз ҷониби исломгароён дар майдони “Шаҳидон” садо медод, мақсадашон ба хубӣ маълум буд. Агар саривақт чораандешӣ намешуд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати исломӣ табдил меёфт. Зиракии сиёсӣ ва ҷасорату оқилии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки  ҲНИ ба мақсади нопокаш нарасид.

Аз се давлате, ки мардумонаш форсизабон ҳастанд, Аморати исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ демократитар аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки пеш аз ба сари қудрат омадани толибон кишвари Афғонистон бо номи давлати исломии Афғонистон шинохта мешуд. Вале мардумонаш хушбахт набуданд. Дар фақру бесаводӣ ва беҳуқуқӣ умр ба сар мебурданд. Чун толибон ба сари қудрат расиданд ва аморати исломӣ бунёд карданд мардуми бечораи афғон аз тамоми ҳуқуқҳояшон маҳрумтар шуданд. То ба ҳол занону духтарон ҳуқуқи таҳсилро надоранд. Ҷавонон ноумед гаштаанд. Аморати исломӣ ҳоли он мардумро беҳ нахоҳад кард. Чунки худи роҳбарони аморати исломии Афғонистон аз илму фарҳанг бехабар ҳастанд. Дар давлати Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам ҷавонони норозӣ аз режими охундҳо рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Ақалиятҳои диниву мазҳабӣ ҳуқуқи таҳсилро надоранд. 50-60% мардум дар давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳолати фақр умр басар мебаранд. Бадбахтии давлатҳои ба ном исломӣ дар он аст, ки зеҳни муллову охундҳо бо афсонаву ривоятҳои беасоси динӣ  пур шудааст ва ҷавобгӯи асри имрӯз намебошад. Пайравони ҲНИ ҳам аз муллову охундҳо монданӣ надоранд. Бинобар ин онҳо, махсусан Муҳиддин Кабирӣ ҳарбор дар расонаҳо ба сиёҳ кардани давлати Тоҷикистон ва роҳбари он сухан меронад.

Агар ба вазъи ҷаҳони ноороми имрӯза назар афканем бемуболиға ҳис мекунем, ки барои ҷомеаи башарии имрӯза як роҳбари оқилу доно намерасад, ки сулҳу ваҳдатро ба дунё барқарор кунад. Ҷанг ва сохтани аслиҳаҳои нодир бо маблағҳои ҳангуфт дар ин қарн боиси ифтихор нест. Танҳо Сулҳу Ваҳдат метавонад ифтихори инсоният бошад ва ӯро ба хушбахтӣ расонад.   Боиси ифтихор аст, ки  Ҷаноби олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории Сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштанд ва ин таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон  барои ҷаҳони имрӯза намунаи ибрат хоҳад шуд.

Мирниёзов А.Қ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд