Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи Ҷиноятпешагон ва ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Таъмини амният ва оромиву осудаги миёни мардумони кишвар дар мадди аввали таваҷҷӯҳи Пешвои миллат қарор дорад. Ин аст, ки дар баробари дигар масоили ба ин муаммо вобаста аз рафти фаъолияти кормандони мақомтҳои дахлдор натиҷгирӣ карда шуд, ки имрӯз сифати ко рва натиҷаи ба даст омада, ҳукумати кишварро маҷбур сохтааст, то ба хотири рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои пешгирикунандаро биандешад.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Пешвои миллат ба вилояти Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд, ки аз ин ташрифоти Сарвари давлат ба минтақаҳои вилоят, зиндагии мардумон ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва аз тарафи дар амн будани аҳолӣ беш аз пеш хубтару беҳтар гардид. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонам, ки Бадахшонро танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин тадбири дурбинонаи худ ба Бадахшони воқеи ба сарзамини зарзамини Бадахшон, ба минтақаи тамошобоби ҳазорон сайёҳон мубаддал сохтанд.

Дар умум то ин, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба вилояти Бадахшон таваҷҷӯҳашро қатъи ва беш аз пеш сохт, ҳамагӣ дар тӯли як моҳ тавонистанд, нафарони ватандӯсту дар кори хеш устувор ба натиҷаву нишондиҳандаҳои назаррас ноил гарданд. Самараи бардошти натиҷаи якмоҳаинаи кории Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои марбута, дар ин вилоят буд, ки якчанд нафари ҷинояткоронро дастгир намуданд. Эшон аз кори кардаи хеш изҳори пушаймони намуда, дар бинои Прокуратураи вилоят маросими савганди ҷинояткорони дастгиршуда расман баргузор гардид ва дар он қасам ёд карданд, ки ҳаёти минбаъдаи хешро танҳо ба нафъи ҷомеа ва татани хеш нисор хоҳанд кард.

Дар гузашта наҳзатиҳои нобакор нависта буданд, ки бигзор таъиноти кадрии ба роҳмонда амалӣ нагардад. Зеро нафарони ба ин шаҳру вилоят таъиншуда то имрӯз бо мардуми инҷо забон як карда натавониста, низоъҳо ба вуҷуд омаданд. Имрӯз низ нохалафону хиёнаткорони ватан, ин ақидаҳои душманонаро тарафдори мекунанд. Иддао доранд, ки кадрҳои маҳалли бошанд, метавонанд, низомро ба тартиб ҷорӣ созанд. Хуб! Вале то ин даме, ки ин қадар ҷиноят содир шудааст, кадом намояндаи мақомот пешгирӣ намудааст. Кӣ ин бадтинатону ношукронро дастгирӣ мекунад. Аминам, ки ҳамон кадрҳои маҳаллӣ дар амалиёти ҷинояткорон худ даст доранд. Вагарна то имрӯз ба кишвар 3 тонна маводи мухаддир ба пои худ намеояд – ку! Сол то сол ншондиҳандаи баландро воридоти  маводи мухаддир нишон додааст. Тибқи дастурҳое, ки мусодираи маводи мухаддир бо мақсади солим нигоҳ доштани ҷомеа, бо мақсади мубориза бурдан бо ин вабои аср, яъне нашъамандӣ Пешвои миллат ҳамеша мекӯшад, ки воридоти ин мавод дар дохили кишвар ба роҳ монда нашавад, бар зидди ин амалҳо мубориза намуда истодааст. Вале аз чи бошад, ки тарафҳои мухолифин бо мутаҳҳам намудани сарвари давлат, иброз доштаанд, ки дар воридоти он гӯё мақомот даст дорад. Ин девонагист ё ягон аҳмақии дигар, ки ҳам мубориза мебаранд ва ҳам ин ҷиноятро содир менамоянд. Ба фикрам мардуми моро аз сарвари давлат оғоз намуда, то дигар намояндагони ватанпарвараш ба мисоли худ гумон намудед, ки гумони шумо нохалафон ботил аст. Ин рафтор ва феълу хислати бади шумост, ки худро алайҳи худ таҳрик менамоед.

Гузашта аз ин дар вилояти Бадахшон хосатан минтақӣ Хоруғ ба роҳ мондани таъиноти кадрӣ аз ҷониби давлату ҳукумат аз манфиат холӣ нест. Зеро камбудии фаъолияти кормандони мақомотҳои марбута зидди ҷинояткорон ва қочоқчиёни маводи мухаддир, танҳо камбудии оддии ислоҳшаванда нест, балки он ҷинояткорони минтақаҳо эшонро низ ҷинояткор кардаааст. Ба хотире, ки то ҳамин дараҷа бо осони ғайриқонунӣ фаъолияти ҳамон ҷиноятпешагонро сарфи назар менамояд.

Ба муаллифи баёнияи «Аз Хуталон омадия» таъкид меанмоям, ки бадахшию бадахшони ва Хоруғиҳо гуфтани худро бас кун. Ҳар қвму миллате, ки набошем дар як замини муқаддас умр ба сар бурдаву зиндагонии шоистаро бо шарофати Пешвои миллат шарафёб гардидем. Назаре, ки сарвари давлат ба вилояти Бадахшон зоҳир менамоянд, сатҳу сифати зиндагии мардуми вилоятро боло бардошта, ба некӯаҳволии мардум  равона гардидааст. Ақидаҳои пешниҳодкардаи ту аз дили сиёҳу нобиногиат аст. Вагарна хоҳад дидӣ, ки давлату ҳукумат, таҳти сарвари дурандеши миллат барои дар фазои орому осоишта зиндагӣ кардани халқ тамоми кӯшиши худро ба харҷ дода истодааст. То кунун касе нагуфтааст, ки вилояти Бадахшон ба дигар вилоятҳо лашкар кашидааст, ин сарзамин замини ҷангзадаҳо нест, ки алайҳи якдигар лашкаркашиву ғасбкуни шавад. Гузашта аз ин бок адом ақлу фаросат иброз кардаӣ, ки Пешвои миллат ба Бадахшон лашкар мекашад. Суханонеро мегуфтӣ, ки ба он касе бовар намоянд. Шумо наҳзатиҳои аз олам бехабар, аз кадом як таҳхонаи ба заҳ олудаи Олмониҳо худро пинҳон карда, зӯри худро ба шабакаҳои интернетӣ ва суханони пучу бемаъно бахшидаед. Ин сухандонии шумо нест, балки нотавонист.

АКРАМОВ А.А. , декани факултети сохтмон ва нақлиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои техникӣ