Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ расонидани зарари вазнини рухи ва ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои террористиву экстремистӣ таҳдид мекунад ва барои пешгирӣ аз он бояд дар якҷоягӣ мубориза бурд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарварест, ки ҳанӯз чанд сол пеш бори аввал ҷаҳониёнро аз ривоҷу густариши терроризм ва экстремизм бо таъкиди хос ҳушдор дода буд. Дар ҳақиқат ҳам ду мафҳум - терроризм ва экстремизм дар маркази диққати тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст. Борҳо шоҳид ба он гардидаем, ки терроризм ва экстремизм монеи пешрафти кишварҳои мутаррақӣ, сабаби қатли ҳазорҳо тифлони маъсум ва аҳолии осоишта гаштааст. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонида истодааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи  кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути  мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.

 

Турсунқулов Ш, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд