Филми “Шикасти фитна”, ки тавассути телевизиони Тоҷикистон пахш гардид, бори дигар шаҳодат аз он дод, ки фарҷоми фитнаву дасиса шикаст аст. Махсусан фитнаангезие, ки аз ҷониби мухолифини давлат ба мисли Алим Шерзамонов, Муҳаммадбоқир Боқиров, Холбаш Холбашов ва Улфатнисо Мамадшоева барои барангехтани тухми нифоқу бадбинӣ байни мардуми Бадахшон кардаанд, оқибатҳои фоҷеаборе ба сар овард. Сухан дар бораи он меравад, ки ин нафарон бо роҳнамоии Алим Шерзамонови лаини дар мамлакати Аврупо сукунат дошта санаи 24 марти соли равон нақшаи амалиёти террористиро дар Бадахшон кашида, мувофиқи барнома онҳо аввал дар Хоруғи Боло гирдиҳамоӣ ороста, баъдан дар шоҳроҳи Душанбе Кӯлма амалиётҳои терроистиро анҷом медиҳанд. Ба ин кор Алим Шерзамонов ба саркардаҳои гирдиҳамоӣ 13 ҳазор доллар маблағ фиристода, вазифаи ҳар яке аз онҳоро муайн намуд. Мувофиқи тақсимоти вазифа тавре Улфатнисо худ иқрор мешавад, Холбашов Холбашов ҷангиёнро дар ноҳияи Рӯшон  ва Роштқалъа омода мекард, Муҳаммадбоқир Боқиров бошад, аслиҳаю силоҳи ҷангиёнро тақсим мекард. Улфатнисо бошад масъули паҳни иттилотти бардурӯғ буд. 

Бояд гуфт, ки Улфатнисо қабл аз оғози ин амлиёт ҳанӯз санаи 15 марти соли равон дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе бо намояндаи корпуси давлати ба мо номаълум сари хон маслиҳат ороста аз нақшаҳои ҷангҷӯёна онҳоро иттилоъ дод ва худ иқрор шудааст, ки барои ҳар як иттилоот аз ҷониби фармоишгарон 100 доллари меҳнатона мегирифт. Дар рафти амалиёти бобарори мақомоти қудратии кишвар 20 тан аз ҷангиёни террорист кушта шуданд. Суоле ба миён меояд, ки чаро мавзӯи Рӯшон минтақаи баргузории амалиётҳои терроистӣ интихоб шуд. Гап дар сари он, ки ин роҳ аз лиҳози муҳимияти иқтисодӣ барои Тоҷикистон роҳи пайвастшавӣ ба давлати бузурги Чин аст ва ҳамрӯза молу колои зиёд тавассути он роҳандозӣ карда мешуд. Дуввум агар ин роҳ воқаен ҳам таҳти тасарруфи террористон мешуд, онҳо шартҳои худро ҳам ба ҷониби Тоҷикистон, ҳам ба ҷониби Чин мегузоштанд. Сеюм манфиатхоҳони давлати ҳамсояи Афғонистон, яъне толибон низ ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешуданд. Аммо амалиётҳои вижа ва ҳушёрии сиёсии мақомоти қудратӣ садди роҳи нохалафон гардид.  Маълум гардид, ки барои иҷроиши ин амалиёт гуруҳи муташаккили террористӣ моҳҳо зиёд омодагӣ дида, яроқу аслиҳаи оташфишонро ба миқдори зиёд ба Тоҷикистон тавассути коҷоқ ворид намуда будаанд.   

Аз ин ҳодиса чунин хулоса баровардани мукин аст, ки масали халқи “Гургзода оқибат гург мешавад” ва ҳатман ӯро бо меҳр парвариш намоӣ боз рӯзе аз поят мегазад, рост аст. Инро дар мисоли Муҳаммадбоқир Боқиров ва Холбаш Холбашов метавон мисол бурд. Ин ду нафар соли 1997 замони ба имзорасии оштии миллӣ аз ҷониби мухолифин ба вазифаҳои баланди ҳарбӣ расида, роҳбарии қисмҳои низомиро бар дӯш доштанд ва нақшаю ниятҳои бади худро тӯли солиёни зиёд дар сар доштанд. Чеҳраи манфуру номаи аъмоли онҳо пас аз талафоти 20 нафар ҷавонон боз ҳам равшан шуд. Ин 20 нафарро дар хона падару модар, хоҳару бародар ва ниҳоят фарзандон интизорӣ доштанд. Шояд аксари онҳо аз гумроҳии фарзанд, додар ва падари худ огаҳӣ надоштанд.

Фарҷоми ҳама ҷанг оҳу афсӯс аст. Имрӯз ин амалиёт аз ҷониби давлат фурӯ нишонда шуд. Аммо ҷони ҷавонон ҳайф шуд.

Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки Ватанро ба маънои маҳал, зодгоҳ қабул накунем. Ватан ин Тоҷикистон аст. Ба бадахшониҳо гуфтанием, ки Шумоён як пораи Тоҷикистони азиз ҳастед ва ҳаргиз худро дур аз он нагиред. Суханони пурҳикмати Сарвари давлатро ҳамеша дар хотир доред, террорист Ватан маҳзаб, дин  ва дил надорад.  Ба ҷои ин ҳама  хунрезиҳо барои ободии Ватан кӯшем. Диёрамонро бо меҳр бунёд кунем. Бадахшон, ки ба қатори 100 манзари беҳарини дунё бори сеюм шомил шудааст, боз ҳам зеботар кунем. Меросбарони асили Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Нумратулло Махсум, Мирсаид Миршакар, Меҳрубон Назаров, Мусо Диноршоев, Раҳим Масов ва Муъмин Қаноат бошем.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд