Рӯзҳои охир вобаста ба ҳодисаҳои ногувори сиёсии дар Ҷумҳурии Қазоқистон баамаломада, баъзе шахсони бо ном "ватанпараст" тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба иғвоангезиҳо сар карда, нияти ба нооромии сиёсӣ кашидани дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ишора мекунанд.

Ин бехирадон мақоли халқии "дар мавриди ҷангу нооромиҳо тару хушк баробар месӯзад"-ро фаромӯш карда, гумон мекунанд, ки бо ошӯбҳои идоранашаванда ҳамаи муаммоҳои иҷтимоӣ фавран ҳалли худро меёбанд.

Дар чунин як давлати аз нигоҳи иқтисодӣ нисбатан пурқуввату бо кишвари мо ҳамкори стратегӣ

Қазоқистон, бидуни дастгирии молиявию роҳнамоии идеологии қувваҳои беруна, амалӣ намудани ин тазоҳуроти шадиди оммавӣ, имконнопазир буд.

Дар баъзе вокунишҳо гуфта мешавад, ки ин норозигии худи мардум аз сиёсати роҳбарияти олии ин кишвар буда, митингчиён гӯё танҳо барои ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии хеш, ба майдон баромаданд, вале бо чунин ақидаҳо пурра розӣ шудан норавост.

Мумкин аст, ки баъзе беадолатиҳои дар ҷомеаи имрӯза ҷойдоштаю сари вақт ҳал нашудани муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ боиси норозигии мардум гардад, вале барои инсонҳои хирадпеша роҳи ягонаи ҳалли онҳо хунрезию сӯзандагӣ намебошад.

Магар, оташ задани мошинаҳою биноҳо, ғасби бинои ҳокимият, ғораткунии банкоматҳою нуқтаҳои тиҷоратӣ, аз кормандони мақомоти қудратӣ зада гирифтани силоҳи оташфишон, бо арматураю дигар воситаҳо задани кормандони полис ва куштани одамони бегуноҳ, ин митинги осоишта ҳисоб меравад?

Ҳаргиз не !!!

Ҳама мардум бояд аз фирефта шудан ба дасисабозиҳои гурӯҳҳои радикалӣ - экстремистию хоҷагони пасипардагии онҳо ҳушёр бошанду ватани тинҷу ороми хешро ноором насозанд.

Протсессҳои ҷаҳонишавӣ хатарҳои зиёдро низ дораду сокинони ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла, дӯстони қазоқи мо ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Оқибати ин хел амалҳои нооромкунандаи вазъи сиёсии мамлакатҳо, танҳо боз ҳам бадтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми оддӣ мешаваду халос.

Ҳар як фарди ватанхоҳ ва онҳое, ки сидқан рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакатро мехоҳанд, ҳеҷ гоҳ ( новобаста аз тамоми ғаразҳои сиёсию норозигии шахсӣ) сабабгори нооромии сиёсии давлат набояд шавад ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳад, ки муаммоҳои мавҷударо бо роҳҳои маслиҳатомез, пешниҳодҳои ҷолиби таваҷҷӯҳ ва гуфтушунидҳои тарафайни беғаразона ҳал намуда, рисолати таърихии хешро дар назди миллат сазовор ба иҷро расонад.

Имрӯз, тамоми ҷаҳонро штаммҳои нав ба нави бемории сироятии коронавирус ба ларза овардааст ва нооромиҳои сиёсӣ сокинони минтақаҳои гуногуни сайёраро ба ҳолатҳои даҳшатбор рӯ ба рӯ мегардонад.

Дар чунин мавридҳои ҳассос, кулли инсонҳои хирадпеша бояд муттаҳид шуда, пеши роҳи ҳамагуна ноамнию нооромиҳоро бигиранд ва мардумро ба сабру таҳаммулпазирӣ даъват намоянд.

Дар баробари ин, ба ҳамаи шахсони мансабдори мақомотҳои идоракунии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишварашонро дурбинонаю боадолатона пеш баранд ва ҷиҳати ҷилавгирии ҳамагуна омилҳои хавфовар чораҳои саривақтиро андешанду иҷрои вазифаҳои хизматии хешро одилонаю боинсофона ба хотири беҳсозии сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа ва рушди босуботи давлат, таъмин намоянд.

“Меҳвари дониш”