Ҳар як падидаи иҷтимоӣ хоҳ нек ва хоҳ бад, заминаҳои пайдоиши худро дорад. Падидаҳои мазкурро дар шакли хушбахтӣ ва бадбахтӣ баҳогузорӣ намоем. Хушбахтӣ ин қуллаи баландеро мемонад. Шахсе ин қулларо фатҳ мекунад, ки бо корҳои нек машғул аст.

Дар муқобили ин, мутаассифона боз инсонҳое ҳастанд, ки бо кору амалҳои ношоями худ ба бадбахтӣ замина мегузоранд. Заминагузории бадбахтиҳо инсонест, ки ҳаёташро пайи корҳои ношоям ва нолоиқ сарф мекунад. Чунин шахсон аз доираи таълиму тарбия ва одобу ахлоқи ҳамида дур монда, даст ба дуздӣ, қаллобӣ, авбошӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ мезананд, ки бо ин амалашон ба бадбахтиҳо замина мегузоранд ва доғи ҷомеа мегарданд.

Аз ҷумла, нашъамандӣ амалест харобиовару марговар. Вақте ки инсон мубталои ин вабои аср гардид, дунё дар назараш ранги дигар гирифта, саодату хушбахтӣ, оромию самимият ва махсусан одамию одамгарӣ ӯро абадан тарк намуда, ғаму андӯҳ, носолимию нооромӣ ҳамроҳи ҳамешагии ӯ мегарданд.

Дар замони имрӯза шахсоне побанди ин рафтори номатлуб мегарданд, ки иродаи заиф дош­та, дониши кифоя ва тафаккури дақиқ надоранд. Чунин шахсон дар зиндагӣ гумроҳ буда, орзуву мақсадҳои парешон доранд. Шахси нашъаманд бо умеди оне, ки гӯё баъди истеъмоли маводи нашъаовар ҳамаи мушкилоташ ҳал шуда, ғаму дард­ро фаромӯш мекунад, ин амали бадро анҷом медиҳад. Аммо он ҳолатеро, ки кас дорад, боз ҳам бадтар месозад. Пас аз истеъмоли маводи нашъадор, баъди як хушҳолии кӯтоҳмуддат якбора ғаму андӯҳ, беҳолию нооромӣ ва беморию хавфи марг инсони нашъамандро фаро мегирад.

Имрӯз нашъамандӣ чун амали номатлубу ношоиста ҷомеаро фаро гирифта, ба яке аз муаммоҳои глобалӣ табдил ёфтааст ва мардуми ҷаҳонро ба ташвиш меорад. Одамон ба муқобили ин амали ношоям ва марговар мубориза бурда, баҳри решакан намудани он тамоми қувваи худро сарф мекунанд.

Нашъамандӣ имрӯзҳо мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст ва дар ҳар макону замон дар сатҳи гуногун намоён мегардад. Он аз бемориҳои хатарноктарин буда, афзоиш дорад ва таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҳеҷ вақт ба пуррагӣ онро наметавон аз байн бурд. Дар замони имрӯза пешрафт ва тараққиёти давлат, осудаҳолии шаҳрвандонро бе таъмини осоиштагӣ дар ҷомеа тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро, бе таъмини тинҷиву осоиштагӣ мо наметавонем дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷумла, соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ривоҷ диҳем.

Ҳоло нашъамандӣ бештар ҷавонону наврасонро, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд, ба коми хеш мекашад, ки ин боиси таассуф аст. Чунки ояндаи давлат маҳз дар дасти ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷавононро аз ҳар ҷиҳат солим ва комил тарбия намоем.

Барои ин, тамоми қувваи мавҷудаи худро сафарбар карда, ҳар дақиқаи умри авлоди наврасро пурмазмун ташкил кунем то дар шуури онҳо холигии маънавӣ пайдо нагардад ва дигарон аз он истифода бурда, онро бо ғояҳои вайронкор пур насозанд.

 

 

Камолов Н.Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд