Ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби Наҳзати ислом ва думравони онҳо имрӯз вазъияти ҳамсояро ба инобат гирифта, зимни мусоҳибаҳову навиштаҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои сиёсии худро ба он равона мекунанд, ки  гӯиё ҳамин ҳоло  дар Тоҷикистон ҷанг оғоз меёфта бошад.

Хеле хандаовар аст, вақте, ки ду ё се нафар лаънатхондаи Ватану миллат, ки то дирӯз аз ҳам ҷудо буда, ҳамдигарро чашми дидан надоштанд, имрӯз боз ба ҳам омада бе шармона аз номи ин миллат суханпардозӣ  менамоянд.

Имрӯз ҳам баъзе хоинони миллат ба мисли Хусейну Кабирӣ ва Иқболбӣ бо кумаки зархаридони хориҷӣ мехоҳанд кишвари осоиштаи  моро ноором созанд. Бадномкунӣ, туҳматбофӣ хоси Хусейну Кабирӣ ва Иқболбӣ аст, ки имону маҳзаби худро фурӯхта, теша ба решаи хеш мезананд.

Хушбахтона,   мардуми шарифи Тоҷикистон он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии ин «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромӯш нахоҳанд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва дилпурона изҳор доштанд, ки «Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд».

Бо боварии комил метавон гуфт, ки фарзандони далеру диловар ва ҷоннисори Ватани маҳбубамон ҳамеша кишвари азизу муқаддаси хешро содиқона ҳифз намуда, ба қадри ободӣ, оромиву осоиштагӣ, ҳаёти хушу хуррам мерасанд. Ман ҳамчун як шаҳрванд ин амалҳои хоинони  миллатро маҳкум намуда, боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳеҷ гоҳ фирефтаи чунин дассисаҳо нахоҳанд шуд.

Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд