Миллати тоҷик, тӯли асрҳову ҳазорсолаҳо, ҳамчун як қавму миллати соҳибфарҳанг ва ватандӯсту хештаншинос арзӣ ҳастӣ дошт. Албатта,  таърих гувоҳ аст ва ҳар яки гуфтаҳои болоро собит менамояд, ки тоҷикзабонон дар ҳама давру замон яке аз соҳибтамаддунону башардӯстон ва меҳанпарасту масъулиятшинос буданд. Имрӯзиён низ албатта насл ва ному нишони онҳое ҳастанд, ки ба хотири гиромидошти ҳар як зарра хоку покии он ҷони хешро дареғ надошта барои ояндагон шароити мусоидро фароҳам овардаанд. Албатта мо мардуми шарафманди диёр аз озодиву ободии диёри азизамон, ки бо заҳматҳои зиёд ва ранҷҳои фаромӯшнашавандаи ба даст омадааст, муваззафем, ки онро ҳамаҷиҳата ҳифзу ҳимоя намоем. Пас, он вақт Ватан ва насли фардо аз мо розӣ хоҳанд гашт.

Тӯли чанд соли охир ба мушоҳида мерасад, ки бархе аз носипосони миллат аз ношукрии беше қадри озодии миллатро нодида гирифта, дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд. Аммо муаммо дар он нест, ки онҳо дар куҷо зиндагонӣ мекунанд. Муаммои асосӣ дар он аст, ки инҳо мухолифони миллати тоҷик ҳастанд, ки бар зидди тоҷикон амал мекунанд. Ва аз “дилсӯзиву ғамхорӣ” дар «ғам»-и мардуми миллати хешанд ва аз ҷабру ҷафову беадолатӣ ва вазъи ногувори мардум изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар ҳақиқат ман ба маҳорати актёрии ин дурӯягону мансабталошон ҳайрон мешавам, ин нафароне, ки худро «ватанпарвар» ва «ватандӯст», ғамхору ғамгусори мардум муаррифӣ кардан мехоҳанд, чаро худашон дар хориҷи кишвар ҳастанд, чаро ба ин сарзамини муқаддаси хеш намеоянд ва ба ҷои ин ҳама суханҳои пучу бемаънӣ, ки барои беҳтар шудани вазъ ягон зарра кӯмак намекунанд,  барои ободсозии ватан саҳм намегузоранд. Ва дар дигар маврид ба сар мезанад, ки охир ҳамин вазъро худи онҳо вайрон карда истодаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ин нохалафон барои ободии Ватан саҳм нахоҳанд гузошт, зеро аллакай эшон фармонбардору муттакои хоҷагони хориҷӣ гаштаанд. Албатта Кабирӣ ва дигар пайравони ӯ то он даме, ки он хоҷагонашон онҳоро истифода мекунанд, садо баланд карда метавонанд. Аммо давидани гӯсоларо низ то коҳдон гуфтаанд. Як нафар аз ин “ғамхорон” Саидюнуси Истаравшанӣ, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле “фаъол” буда, сомонаи худро низ бо номи «Кимиёи саодат» дорад аз зумраи ҳамингуна нафарони «меҳрубон»-и миллат аст, ки ҳамеша бобати арзишҳои миллии тоҷикона меандешад ва онро ба арзишҳои бегона омезиш дода, миёни мардум талқин месозад. Вале дигар касе ба ӯ ва ба меҳрубониҳои ӯ кор надорад ва  бовар ҳам намекунад. Чун ҳама медонад, ки худи ӯ кист ва имрӯз пайрави амалҳои нангин аст. Бале ӯ хиёнаткори Ватану миллат аст, ки ӯро касе намебахшад. Ба он хотир, ки хиёнаткардаро бахшиш нашояд.

Ва чунин нафаронро аз ҷониби мардум ва рӯҳи ҳазорон сарсупурдаҳои миллат, ки онро обод кардаанд, тавқи лаънат мебояд. Мо ақидаҳои ифротгароёна ва бегонапарастонаи чунин мухолифонро ҳамеша маҳкум хоҳем кард, зеро мо мардуми миллати тоҷдорем ва арзишҳои умумихалқии худро ҳимоя менамоем.

Тошхӯҷаев Н. А. сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ