Аз азал тоҷикон бо фарҳанги ғанию тамаддуни бойи худ дар таърихи башарӣ мақоми хоссаро соҳиб буданд. Таърих ёд надорад, ки ин миллат бо мақсадри ғасби қаламрави дигар кишвар ба сари ҳамсоягон шамшер бардошта бошад. Баръакс бо гуфти шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ коми тоҷиконро бо сухан бардоштаанд. Муҳимтарин муҳаббате, ки ин мардум дошт, муҳаббат ба Ватан муҳаббат ба забон ва адабиёти ғании он аст.  Зеро Ватан маконест, ки  дар он ҷо ба дунё омадаву моро дар оғӯши худ ба камол расонидааст.  Пас моро лозим меояд, ки шукрона кунем .

Вале мутаасифона, дар ҷомеаи муосир шахсоне ҳастанд, ки дар Ватан зиставу ба воя расида, нону намаки ин кишварро хӯрда берун аз кишвар Ватани худро сиёҳ мекунанду таъна ба сари миллати тоҷик мезананд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки барномаҳои сохтакоронаи  ҳангомаҷӯёни наҳзатӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ хосса ютубканал танҳо як ҳадаф дорад. Бадном кардани миллати тоҷик. Андешае ба сар меояд, магар ҷавҳари онҳо бо шири поки модар сер нашудааст, ки миллатро бадном мекунанд. Магар онҳо фаромӯш кардпаанд, ки бо гуноҳи чунин дасисабозон миллат ба гирдоби бало кашида шуда буд ва фаноии онро интизор буд.   Ин фитнаҷӯён ҳеҷ гоҳ ба қадри ин Ватану ин сарзамину ин миллат  намерасанд.

Хулоса, ҳар яки моро инчунин аз хурд то бузурги ин сарзамини куҳанбунёдро зарур аст, ки чихеле, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳояшон таъкид мекунанд: “...Ватани хешро сидқан дӯст дорем..”. Муттаҳиду сарҷаъму иттифоқ бошему нагузорем, ки ҳеҷ як гурӯҳе ва ё шахсе тинҷиву оромии моро халалдор созад.  Доимо баҳри ободӣ, шукуфоӣ, хуррамиву сарсабзии диёри  хеш бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми муносиби хешро гузорем.

Азамҷон Усмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд