Фосиқону ҷоҳилонро тарбият кардан хатост,

Шеваи ифротиёнро маҳв кардан муддаост.

Мардуми тоҷик пас аз ба даст овадани мустақилият ҳамеша азм дорад, ки ба хотири ду бора такрор наёфтани ҳодисаҳои асри сипаришуда, пеши роҳи хоинону фитнаҷӯён ва разилонро гирад. Мусаллам аст, ки ҷаҳони  имрӯза  ба  хатару  ситезаҳои  нави  амниятӣ, тероризму экстремизм ва дигар хатарҳои глобалии  иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Чунин зуҳуротҳои номатлуб хосатан афзоши ташкилотҳои терористӣ бо равандҳои ҷаҳонишавӣ  печиш  хӯрда,  дар  баробари  онҳо  босуръат  тавсеа меёбанд ва беш аз пеш ба ҳудуди кишварҳои нав доман паҳн карда, барои амният ва суботи онҳо таҳдидҳои муассир эҷод менамоянд.

Мушкилоти  дигари кишварҳои  алоҳида  дар  дар он аст, ки дар баробари муқобили  зуҳуроти  мазкур мубориза бурдан, ташвиш аз он дорад, ки бештар ба чунин гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ҷавоннон пайваста истодаанд. Ва ин албатта ба  он  вобаста  аст,  ки  онҳо чунин ташкилотҳои терористӣ,  хислати  фаромиллӣ  дошта,  аз  байн бурданашон  имкониятҳои  васеи  сиёсӣ  ва  иқтисодию  молиявиро талаб менамояд.

Мо хуб медонем, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ буда, наметавонад аз ҳаводису воқеаҳои ҷаҳон дар канор бошад. Солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароит, омили динӣ дар ҷомеа якбора рў ба инкишоф ниҳод. Албатта замоне миллати мо аз дасти ҳамин ифротгарон ва гурӯҳҳои иртиҷоии терористӣ, ба як миллати ҷангзада мубаддал гашт. Бале, бисёр ҳам рӯзи сахту сангин бар сари модари тоҷик, бар сари давлат. Ва то хомӯш намудани оташи он ҷони ҳазорон қурбону пешравии давлат даҳсолаҳо ақиб монд. Дили ҳазорон модар аз фироқи фарзанди гумгаштааш об гашту фарёди кӯдакони маъсуми бе сарпаноҳ монда то ба фалак авҷ гирифт. Ва имрӯз бошад ҳамон исломгароёни фитнаҷӯю фосиқ садо баланд карда, гӯиё аз вазъи кунунии милати мо “нигронӣ” доранд.

Таърихи начандон дури Ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагон» - и онҳо андеша намоем.

Мо бисёр гуфтем, ки набояд мекарданд ва кӯшидем то онҳоро тарбия намоем. Аммо аз натиҷаи кор фаҳмидан мумкин аст, ки чунин разилонро ҷоҳилонро тарбият кардан хато будааст. Ҳар вақт, ки сухани росту дақиқ изҳор мекунем. Аз ҷониби мухолифон танқиду тақлид ва дасисаҳоро рӯ ба рӯ меагрдем. Чун ин касифон дар ботини худ ҳақиқату адолатро бо кинаву адоват зарба задаанд.

Имрӯз бошад вазифаи ҳар яки мост, ки аз ин марз мо бояд ифтихор манд бошему ҳифз кунем. Зеро дар шароити кунунӣ ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа зарур аст, то ки амнияти миллии кишварро таҳти фаъолияти созандаи худ устувор гардонанд ва бар зидди  гурўҳҳои ифротгаро муборизаи беамон баранд.

Ин тадбирҳо метавонанд пеши роҳи воридшавии ақидаҳои бегонаву ифротгароро гиранд ва ба фаҳмишу ҷаҳонбинии шаҳрвандон, хоматан ҷавонон таъсири мусбат расонанд.

Муҳайё Абдусаломова,

устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд