Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, таҳти №АП-1165, супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2019, №16/10-43 миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” эълон гардидааст. Озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талқин намудани китобхонӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа  баргузор мегардад.

Мақсади асосии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” баландбардории завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолардонии доираи забондонӣ миёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот мебошад. Озмун аз рӯи чор номинатсия сурат мегирад:

  1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик.
  2. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик.
  3. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик.
  4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон.

Тибқи тартиби баргузории озмун даври якум аз 10.03.2019 то 10.06.2019 барои тарғибу ташвиқи иштирокчиён барпо мегардад.

 Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ низ даври якум аллакай оғоз гардидааст. Аввалан, озмун дар сатҳи факултет доир гардид. Беҳтарин хонандаи китобҳо аз байни донишҷӯёни ҳар чор факултет интихоб шуда, ба даври донишкадавӣ омодагӣ дида истодаанд. Ҳамарӯза хоҳишмандони дар озмун иштирокмекарда бо мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Таиба бо шартҳои озмун, номинатсияҳои он шинос гардида, омодагӣ дида истодаанд.

Чунин мулоқоти тарғиботию ташвиқотӣ аввалан дар факултети сохтмон ва нақлиёт доир гардид, ки ду нафар донишҷӯён Рустамов Алишерҷон ва Мамадалиев Фарҳод ғолиб омаданд. Рӯзи гузашта вохӯрии Бобоева Таиба бо донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ барпо гардид. Устод донишҷӯёнро бо тартиби баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шинос намуда, маслиҳатҳои муфид доданд. Имрӯз бошад, ҷиҳати иштирок дар озмун донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика дар кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ ҷамъ омаданд.

Ҳамарӯза Бобоева Таиба бо донишҷӯёни хоҳишманд ҷамъ омада, аз китобҳои хондаи онҳо, мазмуни мухтасар, аз ёди шеъру ғазалҳо пурсон гардида, маслиҳатҳо дода истодаанд. Ҳамин тавр, донишҷӯёни хоҳишманд ҳамарӯза  баъди машғулиятҳо ҷамъ омада, ба даври донишкадавӣ бо устод омодагӣ дида истодаанд.

Аз рафти баргузории озмун боз иттилоъ хоҳем дод.