Чанде қабл, дар тамоми манотиқи мамлакати биҳиштосои мо тантанаҳои пуршукӯҳу боҳашамати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, алҳол, сокинони кишварамон ба истиқболи ҷашнҳои дигари давлатӣ: 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистону  Рӯзи Президент, ки ба 29-солагии баргузории Иҷлосияи XVI-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, омодагӣ мебинанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу тарбияи ахлоқию хештаншиносии донишҷӯён ва бахшида ба ин санаҳои муҳими таърихӣ, аз 25 октябр то 1 ноябри соли 2021 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ» баргузор гардид.

Дар доираи чорабиниҳои мазкур, ҳайати омӯзгорони кафедра ба корхонаю муассисаҳо, ташкилоту дигар идораҳои воситаҳои ахбори омма ҷиҳати гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба мазмуну моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои кишвари мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ва дигар масоили мубрами рӯз, сафарбар гардида буданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои дар боло зикргардида, дар маҷлисгоҳи бинои таълими рақами 2-и ДДҲБСТ вохӯрии ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ бо ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Созмони ҷурналистони Тоҷикистон Карамулло Одилов баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкурро декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Тоҷибоев Ш.А. ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин оиди аҳамияти Иҷлосияи XVl-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пойдории Истиқлолияти давлатии кишварамон ва зарурияти огоҳ будани насли ҷавон, алалхусус, донишҷӯён аз таърихи давлатдорию чеҳраҳои шинохтаи мамлакат, ахборот дод.

Дар рафти ин мулоқот, Карамулло Одилов, ки иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи наҷотбахши XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тӯли бештар аз 38 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои молияю бонкдорӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзандаашро гузоштааст, хотираҳои хешро аз вазъияти ногувори солҳои авввали ба даст овардани Истиқлолият, мақоми махсуси Иҷлосияи тақдирсози XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати барқароркунии сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ба арсаи сиёсати калон ворид намудани як чеҳраи нави сиёсӣ, Пешвои кунунии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тӯли ин солҳо тавассути ҷасорати бесобиқаю заҳматҳои шабонарӯзии ӯ баҳри таъмини якпорчагии давлату ваҳдати миллӣ ва дар ин замина, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар тамомии минтақаҳои мамлакат, тадбирҳои хеле судманд андешида шуда, давлати тоҷикон ба оламиён ҳамчун як кишвари аз нигоҳи сиёсӣ ором ва аз ҷиҳати иқтисодӣ босубот рушдкунанда, муаррифӣ карда шудааст.

         Аз ҷумла, нотиқ қайд кард, ки баъд аз пош хӯрдани  давлати абарқудрати  Шӯравӣ,  дар алоҳидагӣ мондани  ҷумҳуриҳои собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  дар аксари кишварҳо, аз  ҷумла, дар Тоҷикистони азизи  мо солҳои 90-ӯми асри гузашта баъзе  қувваҳои  марказгурез ва ашхоси ба ҳар роҳу  воситаҳо ба  амалбароварандаи   манфиатҳои  ғаразноки  шахсидошта,  фаъолона амал карданд.

         Кашмакашҳои дохилӣ зери ниқоби демократияю ошкорбаёнӣ ва дахолатҳои  пасипардагӣ аз хориҷи  кишвар  ба он оварда  расонд, ки  соли  1992 ба сари  мардуми тоҷик оғози  ҷанги  шаҳрвандӣ  таҳмил гардад.

         Барои ба эътидол овардани вазъияти ногувори дар кишвар ба амаломада, мақомоти қонунгузори ҷумҳурӣ ба хулоса омад, ки Иҷлосияи XVI-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа +рунхӯҷаеви вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) баргузор намояд ва хушбахтона иҷлосияи мазкур дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз ворид гардид.

Ёди он солҳоро карда, ҳамчун шоҳиди бевоситаи барқароркунии сохти конститутсионӣ дар кишвар ва аз вартаи ҳалокат наҷотдиҳии давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷикон, Карамулло Одилов ҳангоми суханронии хеш бо овардани бисёр рақаму далелҳо таъкид кард, ки барқароркунии иқтисодиёти мамлакат, то ба сатҳи имрӯза оварда расонидани рушди иқтисодию иҷтимоии тамоми минтақаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо тавассути иҷрои саривақтии қонуну қарорҳои дар Иҷлосияи тақдирсози XVl-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида,  ҷасорату хирадмандии Сардори давлат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамдигарфаҳмию ҷонфидоии дигар фарзандони фарзонаи миллат ва сабру таҳаммули мардуми дурандешу соҳибфазилати давлати тоҷикон, ба даст оварда шудааст.

Дар охири сӯҳбати хеш, Карамулло Одилов ба донишҷӯён муроҷиат карда, даъват ба амал овард, ки ба қадри ин фазои ороми сиёсию ободкориҳои бузурги дар саросари кишвар тавассути сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши кишвар ба даст овардашуда расанду бо баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм карда, ҷиҳати боз ҳам тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ дар мамлакат, саҳми арзандаи хешро гузоранд.

        Зеро, Пешвои миллат ҷавононро ҳамеша пешбарандаи давлати тоҷикон меҳисобанд ва нисбаташон тамоми дастгириву ғамхориҳоро дареғ намедоранд, аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавони бохирад бояд ватани хешро сидқан дӯст дорад, аз ҳамагуна зуҳуроти ифротгароию хоиниҳо ба халқу давлат дур бошад ва бо одоби ҳамидаю дониши мукаммал баҳри дар арсаи ҷаҳонӣ нек муаррифӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлолу биҳиштосоямон, саҳмгузор бошад ва ин гуфтаҳоро иштирокчиёни мулоқот хеле хуб пазируфтанд.

 Вохӯрии мазкур, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, иштирокчиёни он барояшон хеле маълумотҳои муфидро оиди таърихи баргузории Иҷлосияи наҷотбахши XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб»-и вилояти Ленинобод (алҳол, Суғд) ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, пайдо намуданд.

         Муътабар Ғозиева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд