Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Хушбахтона, мо имрӯз ба истиқлолият ва озодӣ расидем, шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҷавонони гиромӣ хоҳони онам ва ҳамчунон итминони комил дорам, ки ҳар кадоми аз Шумо  ворисони арзандаи мардони шуҷову ин миллати куҳанбунёд ва абарқудрати тоҷик мегардед, беҳтарин суннатҳои қадимаи кишавармонро ҳифз намуда, пос медоред, баҳри ободии ин сарзамини ҳамешабаҳор заминаи мусоид фароҳам меоваред, ба хотире, ки давлат пояи устувор дошта бошад, Шумо бофарҳангу бомаданият мегардед. Ва ҳамчунон фарҳангу осори пурғановати қадимаи мо, ки аз гузаштагонамон ҳамчун чашмаи соф ва манъбаи одобу ахлоқ мерос мондааст, азиз шуморида, онро чун гаҳвараки чашм нигоҳ медоред. Ба хотири шаъну шарафи хеш ва ба садоқату матонати хеш, вафодорӣ нисбати Модар – Ватан тамоми саъю кӯшиши хешро ба харҷ медиҳед.

Тавре дар боло зикр намудам, замоне миллати мо аз дасти як зумраи “инқилобчиён” ба монанди Гадоев оғӯштаи хуни ноҳақ гардид. Сабақи он бесару сомонӣ ҳанӯз аз ёди мо нарафтааст ва мо намегузорем, ки Шарофиддин ақидаҳои нохалафи худро, қасди ноҳангоми худро аз миллати мо ситонад. Охир Гадоев худ кист? ӯ кист, ки ба миллати мо ва ба роҳбарияти давлат таҳдид мекунад, ки бояд режимро тағйир дод ё кадом хоҳиши шоҳонаи дигар. Агар паноҳандаи Ҳоланд ё кадом мамлакати дигар бошад, барои худаш аст. Аз муқимии куҷо будани ӯ ба миллати мо танҳо зарар мерасад на нафъ чун ӯ як хиёнаткору ватанфурӯш ва адоватпарвару носипос аст. Аз ин, ки Ҳоланд ба хотири озодии ӯ талош намудааст ё кадом миллати дигар, маълум мешавад, ки заминаи асосии тундгароӣ дар ҳамон ҷост. Вагарна барои ба озодӣ баровардани як нафари ифротгар чаро инқадар талош мекунанд? Инқилоби декабрии шуморо ҳам дидем, ки гуна “самар” дод. Мардум медонанд, ки имрӯз аз чӣ бояд ҷонибдорӣ кард. Сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд. Албатта ҳама зиндагиро дар фазои осуда дидан мехоҳад.

Бале, замон одилтарин ва оқилтарин довар аст. Ҳар кас, ки шоиста зинадгӣ кард, номи муборакаш дар ёди ворисонаш абадӣ боқӣ мемонад. Бузургдошти номи шахс барои  муттаҳидию ваҳдат, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ,  покизагии маънавию ахлоқии ў барои авлодаш ва ҷомеа хизмат хоҳад кард. На ба арзишҳову дастовардҳои он зарба занад. Оне, ки бар ватану миллати хеш хиёнат мекунад, ба бадбахтии роҳгумзада рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Мо ҳамеша огоҳ бошем, ба ҷавонон ва шахсони гумроҳ гўем, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал карда, худро шарманда насозед.

Бо итминоми комил гуфта метавонам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъӣ, чун арҷгузорӣ ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаманистон мегардонанд ва ба ин васила ба фикрҳои инқилобҷӯёнаи Шарофиддин Гадоев зарбаи сахти шикастпазир хоҳед зад.

Наим Рашидов, устоди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология