Ҷавоб ба мавқеъгирии ғайрисозанда ва хилофкоронаи «генерал» Давлат Маҳмадризобеков

Дар дунё ҳама воқеаҳо ба воситаи чизе ба амал меоянд. Ин сатрҳоро мо ба воситаи чашмонамон дида истодаему мазмунашро бо ақли худ дарк менамоем. Овозро ба воситаи гушҳоямон мешунавему бо забонамон ҳарф мезанем. Абр меояду борон меборад. Ба воситаи оинаи ҷаҳоннамо мо ахбори нав мешунавему ҳодисаҳоро мебинем ва ҳоказо. Чунин аст ҳаводиси рӯзмарраи зиндагии ҳар фард дар замони муосир.

Боз воқеаҳои гузаштаи дар Бадахшон рух додаро низ ҳамаамон тавассути телевизион дидем. Ва ҳатто сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро низ худ бо чашми сар дидем ва суханрониҳои эшонро низ шунидем. Ин аст, ки барои фароҳам овардани фазои сулҳу дӯсти миёни мардумони Бадахшон ва пойдор намудани оромии ҷомеа дар ин марз Сарвари  давлат суханрониҳо намуда қайд намуданд, ки бояд таъиноти кадрӣ дар ин вилоят ба роҳ монда шавад. Ин аз ҳама роҳи беҳтаре буд, ки низому тартибро дар ҳамаи манотиқи вилоят ҷо ба ҷо менамоянд.

Тавре тариқи оинаи нилгун шоҳид гардидем, якчанд нафар ҷинояткоронро аз шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон пайдо намуданд, ки аз хонаҳои истиқоматии онҳо намуди зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт гардид. Ҳатто сарвари давлат низ зимни суханронии худ дар ин ҷо қайд карда буданд, ки «Ин ҳама тарёрии ҷангӣ ва лавозимоти ҷангӣ барои чӣ ва бар зидди кӣ». Ман низ мароқ зоҳир намудам ба ин тайёрии онҳо, ки барои чи ин қадар лавозимотҳои ҷангиро дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд, ки онҳоро ҳимоя мекунад, ки ба чунин корҳои ғайриқонунӣ даст задаанд. Кадрҳои фаъолияткунандаи ба гуфти ин «генерал», яъне «кадри маҳаллӣ» ба куҷо нигоҳ мекунад, ки ин шахсони ҷинояткор озод гаштаанд ва ба мардуму ҷомеа бо чунин амали худ хатарро таҳдид карда истодаанд.

Мусоҳибон низ имрӯз ёфтанд «генрале»-ро, ки бо ӯ мусоҳибаи ба фикри худ судманд оростаанд. Барои Давлат Маҳмадризобеков гуфтаниам, ки корнамоии кадрҳои маҳалли шуморо агар номбар кунем, дили кас аз ин маҳаллиён шояд монад, ҳол он ки идао кардед, то шаҳру ноҳия дар идораи онҳо бошад. Агар кадрҳои маҳалли сари вазифаи худ содиқ мебуданд, яке дар хориҷ бо таҳқиру мавриди масхара қарор додани кишвар барои грантҳои мухолифон ноил гаштааст, дуюмин дар утоқҳои кории хеш бо ҳар гуна амалҳои ифлос машғул гаштааст ва сеюмин миллатгароӣ намуда, дуруст ба мисоли худи ту мардумро алайҳи якдигар шӯронида аст. Куҷост идоракунӣ аз тарафи чунин кадрҳои маҳаллӣ. Ҳатто баъди пайдо намудани ин далелҳои бозёфтшуда низ ягон чора андешида нашудааст, аз ҷониби кадрҳои маҳаллӣ. Агар дурусттар баён намоем, аз ҳамон маҳал будани Давлат низ аз гуфтаҳои дӯрӯғросташ маълум. Боз як кадри маҳалли интихоби Шумо ба чунин суханони миллагаро оварда мерасонад, айнан ба мисоли «генерал» давлат, амианам, ки ин кадр низ тасодуфӣ ба вуқӯъ омадааст. Вагарна барои пешравии кори хеш метавонист Давлат дар пайравии Ҳукумати кишвар хулоса кунад, ки чунин кадрҳои маҳаллӣ баракс шаҳри Хоруғро ба макони ҷиноятпешагон мубаддал намудаанд. Ин пешгӯии Давлат барои идомаи амалҳои зишти зидди давлатист, зеро бо ба сари ҳокимият овардани ба қавле «шиносҳояшон» бе ягон мамоният мақсадҳои ғаразноки хешро амалӣ месозанд. Ба қавли мақоле «Хар ҳамон хар, вале харсавор нав».

Дар фарҷом ба Давлат Маҳамдризобеков иброз менамоям, ки ин ақидаҳои миллатгароиатро ба паси худ парто, зеро тамом шуд он худпарастиҳои шумо баринҳо, ки ба хости худ то имрӯз амал намудед. Ҳукумати кишвар медонад, ки барои фароҳам овардани фазои оромиву осудаҳоли миёни мардум кадом чораро биандешад. Аз ин хотир бидон, ки ҳамин миллатчигии баъзе аз худхоҳони шаҳр имрӯз вазъияти тамоми кишварро барои муташанниҷ намудан иқдом карда истодаанд. Ва медонем, ки ин суханони бемаънои гуфтаат низ барои дастгирии ҳамон ҷинояткорону аъзоёни ташкилотҳои терористистӣ аст.

Маърифат Мавлонова,

котиби масъули нашрияи «Меҳвари дониш»-и

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд