Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 1-2 декабри соли ҷорӣ мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Мусобиқа дар намуди варзиши “гӯштини камарбандӣ, тарзи классикӣ ва озод” сурат гирифт, ки дар он наврасони соли таваллудашон 1998-2001 байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ низ дар мусобиқаи мазкур ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Бобоев Хуррамшо бо вазни 75кг ҳарифи худро мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Донишҷӯи дигар Саидов Ёрмаҳмад дар вазни 62кг сазовори ҷойи сеюм гардид.

 Ғолибони озмун аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Қайд кардан  бамаврид аст, ки дар донишкада ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, варзишгарони донишкада дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доимо ғолибият ба даст меоранд.

Хуррамшо ва Ёрмаҳмадро бо ғолибияташон сидқан табрик намуда, барори хониш ва муваффақиятҳо дар соҳаи варзиш орзумандем.

Ёдовар бояд шуд, ки мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ бахшида ба Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ барпо гардид.