Ба ҳамаи мо маълум аст, ки вазъи сиёсии ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир нигаронкунанда боқӣ мемонад. Махсусан ҷанги иттилоотӣ, зиёдравии абарқудратҳо боиси марги сокинони осоишта гардида истодааст. Дар пасманзари ин ҳама ноамниҳо мағзшӯии ҷавонон ба амали ҳаррӯзаи ифротгароён гардида истодааст. Маҳз гумроҳӣ, мусаллаҳ набудан ба дониши динӣ ва сиёсӣ ҷавононро ба кӯчаи сарбаста мебарад.

Яке аз омилҳои асосии мулоқоти озоду шаффофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи фаъоли кишвар ва ходимони дин аз ҳамин зовия сарчашма мегирад. 

Нуктаи калидии муҳтавои суханронии Роҳбари давлат он аст, ки террористу экстремист давлату миллат ва мазҳаб надорад. Нафароне, ки фирефтаи ҳалқаҳои экстремистӣ, хадамотҳои ҷосусии давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои террористию экстремистӣ мегарданд, онҳо гумроҳ ҳастанд.

Мутаассифона то ҳол ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ вуҷуд доранд. Чунончи дар суханронии Сарвари давлат зикр гардид: “Дар даҳ соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст”. Ин далелу рақамҳо моро водор месозад, ки дар гирифтани пеши роҳи ин ҷиноятҳои нангин бетараф набошем. Дар робита ба ин Сарвари давлат волидайн, оила, устодони тамоми зинаҳои таҳсилот, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқро  вазифадор намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ кардани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, қонуншиканиро роҳандозӣ намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бо назардошти оқибатҳои фоҷиабору даҳшатафкан доштани ҷиноятҳои марбут ба экстремизм ва терроризм ба амнияту суботи мамлакат, оромиву осоиштагии шаҳрвандон бояд тамоми сокинони кишвар, зиёиён, хизматчиёни давлатӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ошкору пешгирӣ намудани он софдилона, бо масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ  дастаҷамъона мубориза баранд.

 Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити дигаргуншавии авзои сиёсии ҷаҳон ва  бештар шудани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки пас аз се сол 35 солагии солагии онро таҷлил мекунем, якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд».

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем, зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаи ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд