Терроризм, яке аз падидаи номатлуби замони муосир ба шумор рафта, дар худ бештар наврасон ва ҷавонони гумроҳро ҷалб намуда, бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ пайвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

           Агар мо солҳои 90 –уми асри гузаштаро ба хотир оварем, хуни чандин ҳазор мардуми бегуноҳ  рехта шуд,  садҳо хонаҳо зери тиру туфанг қарор гирифт, мардуми бечора барои ҷони худ ва фарзандонашонро аз вартаи ҳалокшавӣ эмин доштан, роҳ сӯи давлати ҳамсояро пеш гирифта буданд,  ки ин ҳама нобасомониву ноамнӣ дар кишварро маҳз ҳамин гурӯҳҳои террористӣ ташкил намуда буданд. Мақсади нопоки гурӯҳҳои террористӣ кишвари осударо ба як кишвари ҷангзада табдил дода, бо фасодкориҳои худ вазъи ҷомаеро ноором сохтан буд.  Дар ҳақиқат ин гурӯҳҳои вазъи ҷомеаро дар ҳамон солҳо ноором гардонида, Тоҷикистонро ба як кишвари ҷангзада  ва харобазор мубуддал гардонида буданд.  Дар он рӯзҳо пеш гирифтани роҳи сулҳ кори чандон осон набуд. Авзои сиёсии Тоҷикистон ҳар лаҳза тағйир меёфт, хусусан зиддиятҳои гуногун ва пеш аз ҳама низоъҳо ва бархӯрдҳои сиёсиву шаҳрвандӣ шиддат гирифта, вазъи Тоҷикистонро ноором мекард. Мардуми азияткашидаи тоҷик дигар умед ба ояндаи дурахшони Тоҷикистонро надоштанд.

           Хушбахтона,  дубора бахт ба рӯи халқи тоҷик дари худро аз нав боз кард.  Раҳми Парвардигор бар ҷониби бандагонаш омаду раҳматашро ба суи мардуми  роҳгумзадааш фиристод, ки дар Тоҷикистон тинҷиву оромӣ, осудагиву пойдории сулҳро барқарор созаду, ҳамаро сарҷамъ намояд. Дар ин вазъияти ноороми кишвар марди далеру шуҷоъ роҳбари тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инони давлатдориро бар ӯҳдаи худ мегирад. Ва аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони Тоҷикистонро раҳнамоӣ менамоянд, ки имрӯз маҳз бо бузургиву нерӯмандии ин марди қавиирода, хирадманду бунёдкор, марде, ки сулҳи деринтизорро дар Тоҷикистон пойдор сохт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик боз аз нав соҳиби давлату миллати куҳанбунёди хеш гардиданд.

          Ҳадаф аз гуфтаҳои дар боло зикргашта он аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки гурӯҳу қувваҳои зиёде мехоҳанд, сокинони ноогоҳ, бахусус неруи бузурги ҷавононро истифода бурда, онҳоро барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ  ҷалб намоянд, огоҳ гардонидани насли ҷавон аст.    

            Дар  ин замина насли ҷавони имрӯзро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар партави сиёсати маънавибунёд ва тамаддунофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳиду якдил гардида, ба ору номусу нанги миллӣ  Ватани маҳбубамон Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо намоянд.

М. Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд