Бахшида ба эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Русия дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамо ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Каточков Виктор Михайлович, ноибректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ҷануби Урал, президенти фонди рушди иҷтмоӣ-иқтисодии «Ҳамкории Авруосиё», доктори илмҳои иқтисодӣ, Шишкина Ирина, баҳодеҳ ва таҳлилгар аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав, Хуршеда Содиқова, танзимгари ташкилоти ғайритиҷоратии русиягии фонди институти Аврупоӣ , Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, номзади илмҳои техникӣ, директори ДПДТТ ба номи М.Осимӣ ширкат варзиданд.

Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур аз ҳамкории ҳасанаи ду кишвар дар ҳама самтҳо ёдовар шуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими дӯстии ин ду миллат нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёмҳои хеш, дар сӯҳбату мулоқотҳо бо кормандони соҳаи маориф аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, хосса забони русиро дар мадди аввал гузоранд. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ барои рушди омӯзиши забони русӣ ҳама шароитҳо муҳайё буда, донишкада бо беш аз 50 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Ҳоло наздики 12 устодони донишка дар аспирантура ва доктрантураи ин кишвар таҳсили илм доранд. Гузашта аз ин, донишкада барандаи се лоиҳа гардид, ки мутобиқи он устодон ва шогирдон минбаъд метавонанд барои тақвияти дониш ва табодули таҷриба ба муассисаҳои олии хориҷӣ сафар намоянд.

Каточков Виктор Михайлович зимни баромади хеш аз фаъолияти донишкада дар мавриди пурқувват будани пояи моддиву техникӣ, пешрафти соҳаи технологияи иттилотӣ, сатҳи баланди донишазхудкунии донишҷӯён васф намуда, қайд кард, ки мо зимни роҳандозии лоиҳа дар беҳтарин муассисаҳои Осиё ва Аврупо будем ва чунин равияи таълимро, ки имрӯз донишкада пеш мебарад, кам дидем

Баромадкунандагон Шӯҳрат Ҷумъаев, аспиранти Донишгоҳи Ҷануби Урал, Солиев Зоир Тоирович, номзади илмҳои педагогӣ, Бакаев Мирзоҳамид, дотсентони ДПДТТ, Комил Раупов ва Шаҳноза Оқилҷонов, устодони ДПДТТ дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, иҷтимоиёт ва иқтисодиёт маърӯзаҳо намуданд.

Дар қисмати дуюми мизи мудаввар викторина дар мавзӯи «Ҷавонон – ояндаи ҷаҳон» доир шуда, донишҷӯёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Дар хотимаи мизи мудаввар ба иштирокчиён сертификат дода мешавад.