Иқтисоди сабз як модели рушди иқтисодӣ мебошад, ки ба устуворӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва кам кардани зарар ба муҳити зист равона  шудааст. Ин равиш ба мувозинати рушди иқтисодӣ бо масъулият дар экология ва соҳаи иҷтимоӣ барои таъмини некӯаҳволии наслҳои ҳозира ва оянда нигаронида шудааст. Дар ин мақола оид ба иқтисоди сабз, ва инчунин таърихи рушди онро баррасӣ менамоем.

Мафҳуми иқтисоди сабз.  Иқтисоди сабз гузаришро аз усулҳои анъанавии истеҳсол ва истеъмол ба таҷрибаҳои бештар устуворро дар бар мегирад. Ин маънои рушди бахшҳоеро ба мисли энергияи барқароршаванда, сохтмони аз ҷиҳати энергия каммасраф, кишоварзии устувор ва бозкоркарди такрории партовҳоро дорад, ки метавонанд ҷойҳои нави корӣ эҷод намуда ихроҷҳои газҳои гулхонаӣ кам намояд, инчунин  вобастагиро аз сӯзишвории истихроҷшуда коҳиш диҳанд.

Таърихи рушд. Давраҳои аввала. Консепсияи иқтисоди сабз дар солҳои 1970-ум, вақте ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бори аввал бо оқибатҳои ифлосшавии азими саноатӣ ва зарурияти ҳифзи захираҳои табиӣ рӯ ба рӯ шуд, ташаккул ёфтааст. Нашр гардидани гузориши Клуби Рим дар соли 1972 "Ҳудудҳои рушд" яке аз аввалин лаҳзаҳои муҳиме буд, ки зарурияти гузаштан ба шаклҳои устувори истеъмол ва истеҳсолотро таъкид менамояд.

Дар солҳои 1980 ва 1990 идеяҳои рушди устувор ва масъулияти экологӣ дар миқёси байналмилалӣ пазируфта шуданд. Дар соли 1987 гузориши “Ояндаи умумии мо” (инчунин бо номи Гузориши Брундтланд маъруф аст) консепсияи рушди устуворро муаррифӣ кард, ки ба зарурияти қонеъ кардани ниёзҳои имрӯза бидуни зарар расонидан ба имкониятҳои наслҳои оянда ишора менамояд [1]. Ин як принсипи асосии иқтисоди сабз гардид.

Бо саршавии ҳазорсолаи нав масъалаҳои иқтисоди сабз дар рӯзномаи байналмиллалӣ мавқеи боз ҳам намоёнро ишғол карданд. Соли 2012 дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор «Рио+20» иқтисодиёти сабз яке аз воситаҳои муҳими ноил шудан ба рушди устувор эътироф гардида буд. Ин чорабинии байналмилалӣ як лаҳзаи калидӣ буд, ки ба суръатбахшии гузариш ба технологияҳо ва таҷрибаҳои сабз дар бисёр кишварҳо мусоидат кард [2].

Тамоюлҳои муосир. Имрӯзҳо иқтисоди сабз на танҳо як тамоюли диққатҷалбкунанда, балки як зарурат ва воқеияти рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад. Кишварҳои саросари ҷаҳон стратегияҳои миллии коҳиш додани партовҳои карбон, пешбурди технологияҳои тоза ва таъсиси ҷойҳои кории сабзро қабул мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд, ки иқтисоди сабз метавонад як муҳаррики тавонои рушд, инноватсия ва некӯаҳволии иҷтимоӣ бошад.

Дар ин самт Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол мебошад. Ҳамин тавр, аз 30 сентябри соли 2022 (№ 482) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Стратегияи рушди икдисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037  қабул гардидааст [3].  Стратегия ба тадбирҳои гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, истифодаи  самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз» нигаронида шудааст. Ҳадафи стратегии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.

         Ҳамин тавр, иқтисоди сабз як роҳи ба даст овардани мувозинат байни манфиатҳои иқтисодӣ ва зарурияти ҳифзи сайёраи мо барои наслҳои оянда мебошад. Таърихи рушди он нишон медиҳад, ки гузариш ба моделҳои устувори истеҳсолот ва истеъмол имконпазир аст ва унсури асосии стратегияи ҳалли проблемаҳои глобалии экологӣ мебошад. Тадриҷан ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди сабз аллакай натиҷаҳои мусбӣ дода, барои рушди устувори тамаддуни мо имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад.

Аюбова Фарида Азимҷоновна,

ассистенти кафедраи молия ва қарзи

ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ