Аз сомонаи «Паём.нет» боз як хабари фирефтакунандаи мардум паҳн гардид. Ин ҳам бошад, манъ кардани рӯймол ва ҳиҷоб барои занону духтарон мебошад. Гӯё мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо қабули як қонун вуруди занону духтаронро ба идораҳои давлативу хусусӣ расман манъ намоянд. Ин нахустин иқдоми аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон аст. Қаблан монеъаҳо барои сатру ҳиҷоб ғайрирасмӣ амалӣ мешуд. Аз суханони пучи расонаҳои хабарии наҳзатиён гӯё санаи 18-уми декабр дар мизи мудаввар, дар Душанбе бо ширкати намояндагони тамоми вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ин масъала  баррасӣ гардид. Як гуруҳи махсуси корӣ дар назди Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон ин масъаларо ба ихтиёри вазоратҳо гузоштааст. 

Ҳамаи шоҳиде онем, ки Тоҷикистон давлати демократӣ ва соҳибихтиёр аст. Дар кишвари ҳуқуқбунёди мо занону мардон ҳуқуқи баробар доранд. Занону бонувони мо баробари мардон озодона кору фаъолият доранд. Агар ба гирду атрофи худ назар кунем, мебинем, ки занон роҳбарони ташкилот муассисаҳо, сарварони шуъбаву дастгоҳҳо буда, вазифаҳои баландро соҳибанд. Духтарони тоҷик бошанд дар мактабу муассисаҳои олии кишвар баробари писарон таҳсил доранд. Ҳатто духтарони ноҳияву деҳаҳо дар ихтисоси интихобкардаи худ, дар донишгоҳҳои олии кишвар илм омӯхта истодаанд. Ин ҳама аз оромии кишвар аст. Ҳамарӯза занону духтарони мо бо дили пуру хотири ҷамъ сӯйи коргоҳу муассисаҳои таълимӣ мешитобанд. Хонандагону донишҷӯдухтарони мо бошанд доимо бо либосҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илм роҳ сӯи таълимгоҳ пеш мегиранд. Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бонуи тоҷик дар ҷомеа мақому манзалати баландро соҳиб аст. Дар кишвари озоди мо, дар ҷомеа ба зани тоҷик бо эҳтироми беандоза ва дили саршори меҳр муносибат доранд.

Дар расонаҳои наҳзатиёни беору номус ва нобиноёни пешравии кишвар омадааст, ки шояд яке аз ҳадафҳои мақомот аз қабули ин қонун ин  диндорони асилро маҷбуран тарки кишвар намуда,  худро аз дарди сар халос кардан аст. Охир қаҳрамони миллат аз баҳри ҷони худ баромада, як миллион гурезаро аз кишварҳои дигар ҷамъ кард, нагузошт, ки халқ парешон шаваду миллати тоҷик пароканда дар ҳар гӯшаву канор бошад. Чӣ тавр метавонад бо “қабули манъи рӯймолу ҳиҷоб”  барои занон маҷбур кунад, ки бо оилаашон кишварро тарк намоянд. Аз шунидани ин суханон хандаи кас меояду чӣ гуфтанашро надониста моту маҳбут мемонад.   

Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Ҳар шахс чӣ дину оин дорад, онро мепарастад. Дар кишварамон садҳо масҷидҳо мавҷуд ҳастанд. Ҳама озодона кору фаъолият доранду дар баробари ин оинҳои исломро ба ҷо меоранд. Ватани азизи мо озод аст. Ҳеҷ шахсро ба ягон кор касе маҷбурӣ накардааст. Ҳама дастаҷамъона гирди Пешвои худ ҷамъ омадаанду ҳар як гуфтаи он касро бо хушнудӣ қабул мекунанд.

Пас, чӣ лозим суханони подарҳаво? Ҳама чашми сар доранду сиёҳро аз сафед фарқ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлол асту чунин боқӣ хоҳад монд.

Занону бонувони тоҷик бошанд беҳтаринанд. Онҳо ба қадри давлат ва сарҷамъии миллат, оилаи ободи худ расида, фарзандони фарзонаро ба монанди қаҳрамонони миллат тарбия хоҳанд кард.

 

Рафоат Негматуллоева, устоди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва  агротехнология