Дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияти кишвар, ҳифзи суботи ҷомеа нақши калидӣ дорад. Зеро кишвари мо аввалҳои солҳои навадуми қарни гузашта баъди истиқлолият ба даст овардан чӣ рӯзҳои мудҳишеро пас сар намуд. Ҷанги бемаънии бародаркуш натанҳо ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи сахте зад, балки ҷони ҳазорон нафарро рабуд. Имрӯз аз дидгоҳи таърих он солҳоро ба хотир оварда, хулоса баровардан мумкин, ки омили асосии нооромиҳо дар ҷомеа дар солҳои навадум маҳз инкишоф ёфтани ҷараёнҳои ифротгароӣ ва афзалият додан ба манфиатхоҳони исломӣ мебошад.

Солҳои охир зуҳуроти ифротгароиву гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар кишвар ба қайд гирифта шуда, он ҳамчун хатар ба амнияту осиштагии мамлакат арзёбӣ мешавад. Зеро ҳадафи ниҳоии ҳизбҳои иртиҷоӣ ин пеш аз ҳама ба даст овардани ҳокимият бо роҳи зӯрӣ ва ҷорӣ намудани равияҳои ифротгароӣ мебошад.  Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 23-январи соли 2015 изҳор дошта буданд, «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд».

Воқеан ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шартномаҳо ва санадҳое, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналмиллалӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонида, барои сари вақт дар амал татбиқ шудани онҳо чораҳои қатъӣ меандешад.

Дар ин замина бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Тоҷикистон ба имзо расидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба амалҳои зиддитеррористӣ, ки аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид таҳияву эълон шудаанд, шоҳиди ин гуфтаҳост.

Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ дар ноябри соли 1999 парлумони кишвар қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард. Бар замми ин  Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Инчунин 30 марти соли 2006 Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои зиёди характери террористӣ ва экстремистӣ доштаро манъ кард.

Вобаста ба татбиқи амалии дастури Сарвари давлат дар кишвар чандин Барномаҳои давлатӣ рӯи кор омада, санаи 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.

      Ҳадафи асосии стратегияи мазкур ин пеш аз ҳама ҳушдор додани ҷавонон аз оқибатҳои ногувори шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мебошад. Баланд бардошани дониши сиёсӣ, ифтихори миллӣ ҳадафҳои дигари стратегия маҳсуб меёбад.

Бо вуҷуди ин, ҳоло дар ҷомеа афроде ёфт мешаванд, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар нарасида, дар зери таблиғи бегона монда, нафарони гумроҳро ба доми худ мекашанд. Онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро сарчашмаи ҳамаи «бадбахтиҳо» дониста, «хушбахтию биҳишт»-ро ба онҳо ваъда мекунанд.

Мушаххасан ҷавонони мо бояд донанд, ки дин аз давлат ҷудо аст.  Мо бояд садди роҳи нияти ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ  гардем, кӯшиши вобаста намудани терроризмро бо ислом - бо дини бобоёнамон маҳкум намоем. Барои ҳифз кардани арзишҳои миллиамон, аз ҷумла маърифати ислом  кушиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳали зистамон фаъолияташонро пеш баранд.

Ба тарғиби арзишҳои солим ва адолатпарастӣ эътибор аввалиндараҷа диҳем, то, ки холигии мафкуравӣ дар ҷомеа пурра гардад. Пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву милли тоҷикон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Андешаи истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар тафаккури  ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷо диҳем.

        Аз иқтидори зеҳнии олимони кишварамон истифода бурда, ба мардум, хосатан ба ҷавонон фаҳмонем,ки дар ислом  мафҳуми «террор» вуҷуд надорад, ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад.

Хушбахтона ягон донишҷӯ ва устоди Донишкада бо ҷурми шомилшавӣ ба ин ё он гурӯҳ аз тарафи мақомоти интизомии кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин чиз моро набояд хотирҷамъ созад. Дар соатҳои тарбиявӣ устодон зарурати роҳандозии стратегияи мазкурро бо мисолҳо бояд фаҳмонанд. Ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди мақолаву наворҳои характери ифротӣ нишон дода вокуниш намоянд ва амалан худро ватандӯсту соҳибирода бояд нишон диҳанд.

Дилафрӯз Саидӣ, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд