Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард.

Ба ҳамин  маънӣ чанд сухани дигереро ҳам мехоҳам замима кунам, зеро ҷоизи қайд аст, ки як гурӯҳи  махсуси  террористон  дар ҳамаи  манотиқи олам  маскан гирифтаву  кори тарғиботиву  ташвиқотии  хешро идома дода истододаанд. Яъне сабаби гумроҳ намудаи ҷавонони мо дар он аст, ки дар  ниҳоди  онҳо  илми дини  мубини  Исломро ғалат  мефаҳмонанд, гуё  агар  фирефтагон  ба суханони бадхоҳон  амал кунанд  дунёро аз ҳамаи  нопокиву олудагиҳо  софу тоза  мегардонанд. Дар  ҳоле, ки  ҳамаи ин  баръакси кор аст.  Чунин шахсони нохалаф бо ин амалашон дар дар руи олам  нооромиро эҷод мекунанд, ва аз номи худашон доғеро   дар ҷомеа  мӯҳр мезананд .

Бино ба маълумотҳои ахборӣ,  вақтҳои охир  дар гурӯҳҳои экстремистии динӣ ба мисоли ТЭТ ҲНИ баъзе аз ҷавонони мо гумроҳшуда шомил гаштанд, ки ин  мо мардуми сулҳпарварро  ба ташвиш оварда буд ва ҳоло низ меорад, зеро то ҳол ин назҳатиҳо беимон паси пардаи ин ташкилот аз ҳар мавзеву макон истода, тарғиби терорру ақидаҳои ифротиро паҳн менамоянд.  Он ғояҳову идеяҳое ки ин гурӯҳҳо ба таффакури ҷавонон ҷорӣ кардаанд, дар асл ғояҳои ба дини мубини ислом  ягон умумияте надорад. Ба ҳама маълум, ки  дини мубини ислом идеяҳои сулҳ, маърифатпарварӣ, инсондӯстӣ, иззату ҳурмати волидайн ва монанди инҳоро мепарастад. Афсӯс, ки баъзе аз ҷавонон  шояд ки бо сабаби беаҳмиятии пеш аз ҳама волидайн, бефарқиятии мактабҳо ва таълимгоҳҳо фирефтаи агитаторҳои ин гурӯҳҳои экстремистӣ гашта истодаанд.  Онҳо мазмуни ҳақиқии ҳаёт,  оила,  падар,  модар, зан, фарзандро намедонанд.   Агар медонистанд,  он неъмати бебаҳое ки парвардигор ба онхо бахшидааст – ҳаёти худро  қадр мекарданд ва тамоми кӯшишу ғайрати худро барои илмомӯзӣ,  касбомӯзӣ, ташкили оила,  тарбияи фарзанд равона мекарданд.

 Намояндагони ТЭТ ҲНИ, ки ҳамчун ташкилоти экстермистӣ эътироф гардидааст аз баъзе  камбудиҳое ки дар  ҷамъияти мо имрӯз вуҷуд дорад, моҳирона истифода бурда истодаандва ин аз дигагр жанба як баҳонаи хосе асту худсафедкуниҳоии Кабирӣ. Онҳо ба тафаккури ҷавонон   идеяи   ҷамъияти «боадолат»-ро  ташвиқот  карда истодаанд, ки онро гӯё  танҳо фаъолияти ҲНИ бо тағйир додани сохти давлатдории «давлати исломӣ»  таъмин  карда метавонад.   Агар мушоҳида  кунем, аксарияти ҷавононе ки ба ин ҳизбҳои экстремистӣ шомил мегарданд, бо ин идеяҳои ифлос ва ғаразнок  тариқи интернет ва адабиётҳои ғайриқонунӣ чоп карда шуда шинос гаштаанд.  Мо аъзоёни фаъоли ҷамъият, аз ҷумла, аъзоёни ҲХДТ,  зиёиён  ва ғайра бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем то  ки он фазои холигие,  ки дар ҳаёти  ҷавонон ҳаст, бо корҳои фоиданоки ҷамъияӣ  пур кунем.

Хурсандиовар он аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомли Раҳмон ба он оварда расонида истодааст, ки миқдори ҷавонони маърифатпарвар ва эҷодкор хеле ва хеле зиёд шуда гардидаанд. Мо таҷрибаи ин ҷавонони пешқадамро тариқи телевизион, радио, маҷаллаҳо ба ҳамаи дигар ҷавонон бояд расонем, то ки дигар ҷавонон аз онҳо ибрат гиранд. Инчунин зидди шахсоне, ки дар худ ниқоби динӣ гирифта аз номи дини мубини ислом ғояҳои ифродгаронаи худро паҳн мекунанд, чораҳои қатъӣ дида шавад ва ҷамъият аз ин гуна шахсон озод карда шавад.

Наим Рашидов,

номзади илмҳои кишоварзӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд