Барои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва фирефта нашудани онҳо ба ваъдаҳои ин тоифаи хоину ватанфурӯш ҷавононро бояд зери назорати ҷиддии волидон ва калонсолон гирифта, тамоми қувваро барои омӯзонидани онҳо ба илму дониш, иштирок дар озмунҳову чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, рӯй овардан ба китобхониву огоҳ будан аз тамаддуну арзишҳои олии ниёгон, машғул шудан ба варзиш, истифодабарии самараноки технологияҳои замонавӣ ва интернет, тарғиби ҳисси баланди ватндӯстию меҳанпарастӣ дар ниҳоди онҳо ва билохира огоҳ кунонидани онҳо аз ҳадафҳои нопоки гурӯҳ ё тоифаи ифрогаро сарф намуд.

Авҷ гирифтани амалҳои ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта боиси сар задани ҷанги дохилӣ гардид, ки оқибатҳои фоҷиабори он ба ҳама маълуманд. Дар як муддати кӯтоҳ болоравии диндорӣ ва таассуби мазҳабӣ ба тундгароӣ ва ифротгароӣ табдил ёфта, натиҷааш ба терроризм ва ҷанги дохилӣ оварда расонид.

Марҳилаи дигари болоравии ифротгароӣ ва тундгароии динӣ баъд аз барқарор намудани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон шурӯъ гардид. Кишвари мо баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ давраи пас аз муноқишавиро аз сар гузаронид, ки ба нобуд гардидани саноату иқтисод, пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ба ҳолати қашшоқӣ гирифтор шудани бештари сокинони кишвар мусоидат намуд. Дар ин ҳолат, сатҳи донишу ҷаҳонбинии сокинон бахусус ҷавонон коста гардида, кишвар ба бӯҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гирифтор шуд. Аз ин ҷо, дар кишвар сатҳи ҷинояткорӣ болорафта, сатҳи бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ авҷ гирифт. Чунин вазъият барои фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ мусоид мебошад ва бо истифода аз ин ҳолат ташкилоҳои ифротӣ таблиғоти худро вусъат бахшида, як қисми осебпазири аҳолӣ, хусусан ҷавононро ба тарафи худ ҷалб менамоянд ва зери таъсир қарор медиҳанд, ки дар натиҷа ба афзоиш ёфтани тундгароӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеа оварда мерасонад. Чунин равандҳо ҳарчанд, ки коҳиш ёфтаанд, аммо то ҳанӯз дар кишварамон идома доранд.

Имрӯзҳо мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ маҷмӯан раванди афзоиши тундгароӣ ва ифротгароиро дар кишвар то андозае коҳиш додааст. Вале бо назардошти он, ки ин падидаи номатлуб ҳанӯз пурра аз байн бурда нашудааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷалби имкониятҳои тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва тамоми қишрҳои ҷомеа барои мубориза бар зидди тундгароӣ, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб талаби замон боқӣ мемонад.

Дар шароити имрӯза, ки талоши қувваҳои ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ равона шудааст, ҷавонони моро мебояд бисёр ҳушёр буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд. Зеро ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷамъият буда, ояндаи дурахшони миллату кишвари азизамон Тоҷикистон аз онҳо вобастагии калон дорад.

Раҳмонқулова Л.З., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд