Шукргузор аз онем, ки имрўз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омўзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз ба туфайли ҳидоятҳои пайвастаи Президенти мамлакат барои эҳё, ҳифзу гиромидошт, ривоҷи арзишҳои фарҳанги милливу динии тоҷикон чорабиниҳои зиёде гузаронда шуданд. Бо мақсади эътирофу тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар мамлакат корҳои бузурге анҷом пазируфтанд. Вале ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дар олами муосир фаъолияти неруҳои иртиҷоӣ ва ифротгаро, ки аслан душманони давлату миллати тоҷиконанд, хеле ҷоннок шудаанд. Онҳо бештар ба ҷавонон такя мекунанд ва мутаассифона, гурўҳе аз онҳоро ба доми худ медароранд. Ифротгароии ҷавонон боиси таҳдид ва хатар на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гаштааст. Ифротгароён имрўзҳо дар шиорҳои динӣ, таълимоти Илоҳӣ масъалаҳои воқеан сиёсиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва барои ғасби ҳокимияти давлатӣ кўшиш мекунанд.

Терроризм ва эктремизм ҳамчун зуҳуроти аз ҳама хавфноктарин ва басо мушкили пешбинишавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад.

Вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” пайвастани як гурўҳ ҷавонони тоҷик ба чашм мерасад. Ҳанўз ҳам омилҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.

Баъзаи иҷтимоии экстремизмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан ҷавонон (аз 18 то 35 сола) ташкил медиҳанд, ки фаҳмиши мукамаллӣ сиёсӣ ва динӣ надоранд, ҳамчун экстремизми ҷавонон низ ном бурда мешавад.

Дарвоқеъ, ҷавонони мо, ки пиромуни масоили динию дунявӣ дониши қазоӣ надоранд, ба осонӣ фирефтаи ҳиллаву найрангҳои равияҳои бадкешу ифротгаро мешаванд. Онҳо намедонанд, ки Худованд аз мардумозорӣ безор аст.

Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кўшиш намоед, ки истиқлолияти  миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”.

Мо насли ҷавон тоҷик, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар души худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамо созем, моро мебояд, ки Истиқлоли кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва Ватанамонро ободу зебо гардонем. Бигзор, ваҳдати миллӣ сулҳу суботи поянда, раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад.

Барои пешгирӣ ва бартараф кардани хатари ифротгароӣ, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омӯхтан ва ташхису бартараф кардани ана ҳамин қабил омилҳо зарур мебошад.

Аюбова Фарида, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд