Ба истиқлоли давлатӣ расидан бузургтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист буд, ки онро аслан садсолаҳо боз ин халқи куҳанбунёд ва ваҳдатшиору тамаддунпарвар орзу доштанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва ҳаёти озодонаи ҳар як фарди кишварро таъмин намуд. Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.

Аз соҳибистиқлол шудани кишвари биҳиштосоямон 30 сол пур шуд ва дар поёни соли таърихии ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани Паёмро метавон як навъ натиҷагирӣ аз фаъолияти сисолаи кишвари азизамон донист. 30 сол барои таърих он қадар ҳам мӯҳлати тӯлонӣ нест, аммо чӣ ғаму шодӣ, дарду ранҷ, ободию вайрониро, ки халқи тоҷик паси сар кард ҳар як фарди кишвар хуб медонанд.

Ҳодисаву воқеаҳои нопадиди ибтидои солҳои 90-ум асри гузашта моро водор ба андешидани чораҳо оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он менамояд, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар маҳсуб меёбанд. Мо бо шукрона аз сулҳу ваҳдат ва оромию суботи кишвари азизамон ҳамлаҳои террористиро шадидан маҳкум менамоем. Таассуфовар аст, ки дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Миёна кишвари мо низ аз гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо воқиф нест ва имрӯз дар шароити вазнини бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ мардуми кишвар бахусус шахсони бо таълиму тарбияи насли наврас вобаста кӯшиш карда истодаанд, ки ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоянд.

Воқеан, хиради азалӣ ва талошу кӯшишҳои халқи тоҷик барои таъмини сулҳу субот ва оромиш, тантанаи ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз ҷанги бародаркуш самараи нек ба бор оварданд ва дар натиҷа Тоҷикистон дар ин тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ тавонист ба кишвари пешқадам ва соҳиби этибори хоса дар низом сиёсати байналмиллалӣ табдил ёбад.

Имрӯз давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди кишварамон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.

Лола Раҳмонқулова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд