Муқаддас будани инсон ва ҳаёти вай, парваридани ҳисси миллӣ-ватандӯстӣ, инсонгароӣ, тақвиятбахшии ҷаҳонбинӣ ва ташаккули зиракии сиёсии хонандагон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилаӣ терроризмро маҳкум  карда, онро вабои асри номидаанд.

Терроризм ва пайдоиши он таърихи тӯлонӣ дорад. Калимаи “террор” дар забони лотинӣ бо ду маъно: “тарс”, “даҳшат” ва “воситаи тарс”, “ваҳмандозандаи  ҳолат” маънидод шудааст. Вожаи “террор” дар асри XVIII дар Фаронса эътироф шуда, дар Россия бошад, асри XIX амалҳои даҳшататафканӣ бо номи “терроризм” сари забонӣ гашт. Терроризм ҷинояти сангину хафнок маҳсуб ёфта, он, пеш аз ҳама, ба халалдор ва корношоям намудани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимият, садама ба саломатии шаҳрвандон, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ равона гардидааст.

Терроризм бо он аҳдофи нангину шуми худ аз ҷониби ашхосе созмондиҳӣ дода мешавад, ки онҳо мехоҳанд суботи ҷомеаро вайрону халалдор намуда, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳокимият соҳиб шаванд. Барои онҳо ҳеҷ чиз муқаддас нест, ҳатто ҳаёти одамони бегуноҳ ва солмардону кӯдакон. Ҳоло терроризм ва экстремизм, ки мафҳуми он ифродгароӣ аст, дар як поя қарор доранд. Мақсади онҳо ҷомаи амал пӯшонидани ҳадафҳои ғаразнокашон мебошад.

Ҷавонон, ки дар таълимгоҳҳо мехонанд ва ояндасозони Ватан ҳастанд, бояд мафҳум ва мақсади ин гурӯҳҳоро хуб дарк намоянд. Террористону ифродгароён мехоҳанд ҷавононро барои иҷрои амалҳои   нопокашон истифода кунанд, онҳо бо таблиғҳои дуруғини хеш ба худ ҷалб месозанд. Онҳо набояд фирефтаи ваъдаҳои ин гурӯҳҳои шайтонӣ шаванд ва то ҷон дар рамақ доранд, бар зидди террористону ифротгароён муборизаи беамон баранд, зеро онҳо душманони аҳли башаранд. Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсон, амнияти сохти конситутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад. Ҷавонони мо бояд бо ин моҳияти гурӯҳҳои харобиовар дуруст сарфаҳм бираванд ва кӯшиш намояд, ки дар таҳлили мавзу фикри солими худро баён карда тавонанд.

 

Исмоилова С.К.

устоди ДПДТТ ба номи ак.М.С. Осимӣ