Тибқи  принсипҳои «Ихвон-ул-муслимин»,  ҳадафи якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Ҳадафи дуюми онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни ҷарайёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ, аз ҷумла: ваҳҳобия, ал-қоида, салафия, ҳизби таҳрир, ДИИШ фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Бар хилофи дигар равияҳои исломи сиёсӣ ихвониҳо барои расидан ба ҳадафи ниҳоии худ, ки ташкили хилофати исломии фаромиллӣ ва умумиҷаҳонӣ аст, аз усулҳои хоси худ, махсусан аз усули «қадам ба қадам» истифода мебаранд. Принсипҳои асосии усули «қадам ба қадам» инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд; тарғиби илмҳои теологӣ, аз ҷумла калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо; ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ; демогогияи(авомфиребии)  ихвон-ул-муслимин; исломисозии ҷомеа ва давлат «аз боло»; қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.

Имрӯз тавассути васоити ахбори омма амалҳои ифротии ҳаракати экстремистии “Ихвон-ул-муслимин” ё ба иборае “Бародарони мусалмон”, “Бародарони мусулмонон” зиёд бозгӯ мешавад. Лозим донистем, барои хонанда  аз таърихи пайдоиш, фаъолият ва ҳадафҳои ин ҳаракат тариқи мухтасар маълумот диҳем.

ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” наздики сад сол пештар, аниқтараш соли 1928 дар шаҳри Исмоилияи Ҷумҳурии Мисри Араб бо роҳбарии Ҳасан-ал-Банно тавлид шудааст. Сабаби таъсис ёфтанашро дар зулму истисмори мамолики хориҷӣ бар мардуми кишварҳои исломӣ, бахусус Миср меҳисобанд. Ҳарчанд ин ҳаракат борҳо аз ҷониби ҳукумати Миср таъқиб шудааст ва барои аз байн бурдани он аъзоёни хеле зиёдаш дастгиру нобуд карда шудаанд, аммо то ҳол бо амалҳои ифротӣ “зинда” аст ва аз худ, аз будани фасодовару хатарзояш дарак медиҳад.

Ихвониҳо дар муддати замони мавҷудияти худ дар кишварҳои гуногун ниҳодҳои худро бо номҳои гуногун таъъсис додаанд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дар кишварҳои исломӣ мактабҳо, донишгоҳҳо, дармонгоҳҳо, фондҳои хайрия барои камбизоатон ва донишҷӯён, бонкҳои исломӣ, меҳмонмонхонаҳо, ширкатҳои туристӣ ва марказҳои туристӣ ташкил медиҳанд ва ба ин восита созмонҳои миссионерӣ, мазҳабӣ, хайривӣ ва молиявии исломӣ ташкил дода, зери назорати худ медароранд. Ҳамин аст, ки «Ихвон-ул-муслимин» ба шабаки байналмилалӣ табдил ёфта, даромадҳои худро аз ҳисоби аъзоҳаққӣ, хайрияҳо ва дастгирии молиявии аъзоён ва тарафдоронаш, ки дар кишварҳои нафтхези Халиҷи форс мустақаранд, ба роҳ мондаанд.  «Ихвон-ул-муслимин» дар сар то сари ҷаҳон садҳо гурӯҳҳои худро бо номҳои гуногун таъсис додаанд, ки барои расидан ба ҳадафҳояшон фаъолият менамоянд. Қудратҳои ҷаҳонӣ бошанд, дар навбати худ, барои расидан ба ҳадафҳои худ барои таҳти нуфуз нигоҳ доштани минтақаҳои муайяни мусулмоннишини ҷаҳон аз исломи сиёсӣ ва махсусан аз «Ихвон-ул-муслимин» ва шабакаҳои ба он тобеъ дар ҳолатҳои зарурӣ  истифода менамоянд ва онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ ва таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин менамоянд.

ҲНИТ барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир  оромона ва мисли ихвониҳо кӯшиш менамоянд, ки чунин боварро  дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки гӯё ягона пушту паноҳи ислом ва мусалмон онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд. Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад ҳолатеро ба вуҷуд оварад, ки ихвониён ба хотири манфиатҳои онҳо фаъолият мекунанд. ҲНИТ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳо 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифта, сараввал сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис доданд ва шаклҳои гуногуни тиҷоратро, аз ҷумла бо роҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия ба роҳ монданд, баъдан бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттилоотӣ корҳои оддитарини хешро мавриди таблиғ қарор доданд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Нумонова Н.Р. , устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд