Дар замони имрӯз ҷаҳон хеле зоҳири худро тағйир додааст. Давлатҳои абарқудрат минбаъд дигар ошкоро ҷанг намекунанд. Онҳо бо кумаки башардӯстонаи худ ба давлатҳои дигар ба нақшаҳои худ ҳусни оғоз мебахшанд. Баъзе аз афродони бадхоҳи миллат ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар хориҷ бо ном худро ҳимоятгари ватан меҳисобанд  барои  ноором сохтани кишвари азизи мо сар бардошта аз вазъияти сар задаи Бадахшон санаҳои 27- 28 ноябри соли равон истифода бурдани шуданд, аммо тири онҳо ба зери хок афтод. Мақсади нопоки онҳо ин истифодаи андешаҳои ғаразнок нисбат ба ҳукумату давлати Тоҷикистон мебошад. Аз воқеаҳои баамаломадаи санаҳои дар боло зикршуда онҳо хостанд бо ҳамин восита дар байни мардуми осоишта ғаразҳои нопокро паҳн намоянд.  Мардуми ба ору номуси тоҷик аз як гиребон сар бароварда барои рад намудани андешаҳои нопоки онҳо ҷавоби дандоншикан дод. Ин аҳодисе, ки сар зад ҷомеаи моро водор месозад, ки боз ҳам далеру ҳушёр бошем ва зиракии сиёсии худро аз даст надода барои ободии ватани азизи хеш қуввату тавоноии хешро равона созем.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Беҳ аз он ки кишвар ба душман диҳем.

 

Норов Исматулло, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд