Номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун асосгузори якчанд ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Дар соҳаи об метавон ташаббусҳои зеринро номбар кард, ки дар чанд соли охир рӯйи кор омаданд: "Соли байналмиллалии оби тоза 2003”,”Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013”,” даҳсолаи байналмиллалии амалиёти об барои ҳаёт 2005-2015”,” Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”.

3 марти соли 2021 бошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар видеоконференсия мулоқоти якумро бо иштироки Дабири тамоми Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас ва боз президентҳои якчанд давлатҳои дигар, гузарониданд.  Дар ин конфронс, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пирях эълон гардида, санаи он маълум карда шавад. Бо ҳамин 14 декабри соли 2022 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда аз соли 2025 санаи 21 март ҳамасола ҳамчун рузи байналмилалии ҳифзи пирях таҷлил карда мешавад. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат аз тарафи 153 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Баъзе маълумотҳои ҷолиб оид ба пиряххҳо

Мақолаи мазкур характери оммавӣ, ахборотӣ, реферативӣ дошта бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ, дар партави ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар масъалаҳои марбут ба об ва пиряхҳо таҳия гардидааст.

Пирях омехтаи бузурги барфи табиии заминӣ ва яхҳое мебошад, ки аз  атмосфера сарчашма мегиранд ва дар зери таъсири қувваи вазнинӣ доимо тамоили ба поён ҳаракат карданро доранд. Пиряхҳо шакл ва андозаи гуногунро доро мебошанд. Аксар вақт пиряхҳо шакли гунбазро мегиранд. Онҳо бо сабаби дар муддатҳои тӯлонӣ ҷамъшавии боришот (барф) ташаккул меебанд.

Сараввал бояд қайд кард, ки илми махсусе арзи ҳастӣ дорад, ки бевосита бо омӯхтани пиряхҳо мащғул ҳаст. Ин илм глятсиология ном дошта, бо забони тоҷикӣ онро метавон илми пиряхшиносӣ номид. Умуман, илми глятсиология нисбат ба илми пиряхшиносӣ доираи васеътари омӯзиш дошта, онро ҳамчун илм дар бораи ҳамаи яхҳои табиӣ, дар ҳама навъҳояш, чи дар сатҳи Замин, чи дар атмосфера, ва чи гидросфераю литосфера мураррифӣ кардан мумкин аст.

         Пиряхро бо роҳҳои гуногун тасниф карда, номгузорӣ кардан мумкин аст, вале одатан ва маъмулан се навъи онҳоро ҷудо мекунанд:

Пиряхҳои кӯҳӣ пиряхҳое мебошанд, ки дар баландиҳои системаи кӯҳӣ,  бо сабаби паст будани ҳарорат ташаккул меёбанд. Одатан чунин пирях дар қуллаҳои кӯҳҳо ҷойгир аст. Сатҳи болоии пирях оҳиста об мешавад ва обҳои пайдошуда бо суръати хеле суст аз пирях ба доманакӯҳҳо ва аз онҳо ба поен ҳаракат карда, бо ин роҳ маҷроҳоро ташкил медиҳанд.

Пиряхҳои наздибаҳрӣ  асосан пиряхҳое мебошанд, ки  дар Гренландия ва Антарктида ҷойгир ҳастанд. Одатан, ин пиряхҳо  дар соҳил ҷойгир мешаванд ва  аз соҳилҳо ба сӯйи баҳру уқёнусҳо ҳаракат мекунанд. Вақте ки пирях аз соҳилҳо  то андозаи муайяне ба дохили уқёнусҳо  ворид мегардад, одатан пирях мешиканад, ва дар натиҷа айсбергҳо пайдо мешаванд.

Айсберг аз калимаи олмонӣ гирифта шуда, тарҷумаи таҳтуллафзиаш яхкӯҳ ё кӯҳи ях мебошад. Айсберг ин як пораи калони ях буда, озодона дар уқенус е баҳр шино мекунад. Одатан, айсбергҳо аз пиряхҳои наздибаҳрӣ  ҷудо мешаванд. Азбаски зичии ях 920 кг/м3 ва зичии оби баҳр тақрибан 1025 кг/м3 аст, тақрибан 90% ҳаҷми айсберҳо зери об монда, танҳо 10% ҳаҷми айсберг аз болои об мемонад.

Пиряхҳои пӯшанда, пиряхҳои кулоҳмонанд буда, одатан дар минтақаҳои наздиқутбӣ ташаккул меебанд. Чунин пиряхҳо дар Антарктида ва Артика майдони хеле калонро ишғол мекунанд. Ҳаракати пиряхи пӯшанда бо сабаби вазни хеле зиёд доштани он ба амал меояд. Онҳо аз қисми марказии гунбаз ё кулоҳ ба минтақаи соҳилӣ ба поён рафта, ба обҳои уқёнусҳо равона мегарданд

Нақши пиряхҳо дар табиат хеле калон ва муҳим аст. Пиряхҳо ба иқлими Замин тавассути паст кардани ҳарорати ҳаво ва афзоиши боришот таъсир мерасонанд. Онҳо инчунин релефҳои аслиро ҳамвор мекунанд, рельефи сатҳро аз нав ташкил мекунанд, теппаҳои баҳриро ташкил дода, обанборҳоро ба вуҷуд меоранд. Обшавии пиряхҳо ба иқлими сайера таъсири назаррас мерасонад. Обшавии барзиёди пиряхҳо метавонад, боиси баланд шудани ҳарорати миёнаи солонаи замин гардад. Пиряхҳо ба уқенуси ҷаҳонӣ таъсир мерасонанд. Ҳангоми обшавии пиряхҳо сатҳи уқенуси ҷаҳонӣ меафзояд ва хосиятҳои оби уқёнус низ метавонанд тағйир ёбанд. Инчунин пиряхҳо манбаи оби тоза мебошанд. Онҳо захираи асосии оби тозаи сайераро ташкил медиҳанд. Ин на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвонот низ хеле муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои навро ба вуҷуд меоранд, ки бе онҳо кишоварзӣ кардан ғайриимкон аст.

Прияхҳоро аз чихати андоза ва шакл тасниф кардан мумкин аст. Қариб 75%-и масоҳати Гренландияро ва қариб 100%-и Антарктидаро пиряхҳо ишғол мекунанд. Майдони яххо ба хазорхо километри мураббаъ мерасад. Пиряхҳо тақрибан 10% тамоми сатҳи Заминро ишғол мекунанд.

Бузургтарин пирях дар Амрикои Шимолӣ дар Аляска кашф шудааст. Ин шохаи гарбии пиряхи Хаббард мебошад. Дарозии он кариб 116 километр аст.

Бузургтарин ғафсӣ, ки дар  пиряхҳо ба мушоҳида расидааст, 4330 метрро ташкил медиҳад. Он дар Антарктида, дар наздикии истгоҳи Ричард Берд ёфт шудааст. Ғафсии ях дар Гренландия 3200 метр аст.

Суръати харакати пиряххо хурд буда, дар як шабонаруз кариб 32 метрро ташкил медихад. Суръати баландтарини пиряххо дар Аляска ба мушоҳида расидаст. Пиряхи Таку дар давоми 52 сол бо суръати 106 метр дар як сол харакат кардаст.

Пиряхи Батур, дар  Покистон ҷойгир аст. Дарозии пирях 56 километрро ташкил медиҳад. Ба пирях рафта расидан осон нест. Роҳ ба он вобаста ба шароити обу ҳаво ва сатҳи омодагии физиологии  шахс тақрибан панҷ рӯзро ташкил медиҳад.

Пиряхи Йостедал, дар Норвегия ҷойгир аст. Дарозии пирях 60 километрро ташкил медиҳад. Он барои кӯҳнавардӣ дастрас аст.

Пиряхи Ҷанубии Инилчек, дар шимолу шарқи Чин, дар кӯҳҳои Марказии Тянь-Шан ҷойгир аст. Дарозии пирях 61 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Балторо, дар Покистон ҷойгир аст. Дарозии ин пирях 62 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Биафо, дар Покистон, дар қаторкӯҳҳои Каракорум ҷойгир буда, дарозии он 63 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Брюгген, дар Чили воқеъ буда, дарозии он 66 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Сиачен, дар байни Покистон ва Ҳиндустон ҷойгир аст. Дарозии ин пирях 75 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Федченко, дар Тоҷикистон мавқеъ дошта, дарозии он 77 километр аст. Ин калонтарин пиряхи ғайриқутбӣ мебошад. Пирях ба номи муҳаққиқи рус Федченко А.П., ки ин пиряхро соли 1928 кашф кардааст, номгузорӣ шудааст.

Пиряхи Хаббард. Пирях дар кисми обй вокеъ буда, ба тарафи халичи Аляска харакат мекунад. Дарозии ин пирях 122 километр аст.

Пиряхи Ламберт-Фишер, воқеъ дар Антарктида буда, дарозии пирях 400 километр аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, пиряхҳои калонтарин инҳоянд: Чи хеле, ки қайд карда шуд: Федченко [651,7 км², дарозиаш 77 км],  ГруммГржимайло [160 км², дарозиаш 36,7 км], Бивачний [197 км², дарозиаш 27, 8 км], Гармо [153 км², дарозиаш 27,5 км], Савуқдараи Калон [69 км², дарозиаш 25,2 км], Ҷамъияти Географӣ [81,8 км², дарозиаш 21,5км], Гандо [55 км², дарозиаш 22,5 км], Зарафшон [41 км², дарозиаш 27 км]

Тибқи маълумоти мавҷуда дар марзи Тоҷикистон 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри муккааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.

Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст.

 Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд