Барои он, ки мусалмон бошию ба имон зиндагӣ кунӣ зарур нест, ки дорои ягон шаҳодатномаи ҳизбӣ бошӣ ва он туро комил гардонад. Имони пок дошта бошию ростқавлию вафодорӣ ва поктинати худ шаҳодатномаест, ки Ватан- модар бароят аз ҳама авлотар аст.

Кабирӣ ва мисоли кабиринбаринҳоро гӯш дода пушти суханони онҳо гардӣ биидон, ки оқибати ҳаёти имрӯз хушу ҳурраму ободат дар таҳхонахои торику танги кишварҳои хориҷа мегардад. Барои миллати тоҷик ҳаққу ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандаш арзиши оли дошта, давлату Ҳукумати кишвар  ба хотири рӯз то рӯз ободу хуррам гардонидани зиндагии мардум талоши беандоза ба харҷ дода истодааст. Аҳоли кишвар ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аммо ин ҳама дастгириву ғамхориҳо аз ҷониби бархе Худонотарсу хоинон пушти по зада шуд.

Аз номи Худо ва мусалмонон истифода бурдан ин худ як хатар аст. Наҳзатиҳои беимон ба мардум гузориш додан, ки гӯё мо тавқин ба Худову ислом кардаем, ин чӣ маъно дорад? Ҳамин аст меҳри Шумо нисбат ба Худо, ки бандаҳои ӯро ба қатл мерасонед. Дар ин изҳорот ман гуфтам, ки муроҷиати ман дар мақолаҳо ба Ҳизби Наҳзати Ислом аст, на ба диндорону онҳое ки ба Худо бовар доранд.

Миллати тоҷик аслан ба эътиқоду бовармандии мардум кор надорад. Ҳар вақте, ки дар бораи ин ҳизб як интиқоде мекунем, ҳамеша мегӯянд, ки шумо мусалмононро дар назар доред. Дигар ин, ки солҳои охир мебинем, Ҳизби Наҳзат ва Гурӯҳи 24, ки зернаҳзатиҳо ҳастанд фақат аз он танқид мекунад, ки чаро ҷомеаи мо имкони чодар пӯшидану аз 18-сола поин ба масҷид рафтанро надоранд. Магар ба ғайр аз ин мо мушкилоти дигар надорем, чаро барномаи рӯшане надоранд, то пешниҳод кунанд.

Бояд зикр намуд, ки андешаи бархе аз фалсафадонҳо оид ба фаъолияти чунин гурӯҳбозон дар ҷомеа чунин ибрози назар меандӯхзанд, ки: «На мазҳаб, балки сиёсӣ кардани мазҳаб боиси рукуди ҷомеа мешавад. Яъне мо ба ҷои баҳси мушкилоти сиёсиву иқтисодии худ, баҳси мазҳабро пеш меорем ва мегӯем, занон бояд сатр кунанд ё накунанд ё ришро чӣ тавр монанд.

 Ба ҷои ҳалли мушкилот, гурӯҳи маҳдуде бо номи Наҳзатӣ фаъолият кардан мехоҳад, ки хоҳони сулҳ нестанд, бо истифода аз эҳсоси мазҳабии мардум сари қудрат биёянд. Як гурӯҳро кофир эълон кардану аз номи Худо истифода бурдан, ҳама нишонаи ҳамин аст. Аксарияти мардум ҳамеша ба Худо бовар доранд ва шояд ҳамин ҳам боиси субот бошад, ки мардум ба як қувваи табиӣ бовар доранд."

Бале, дар ҳақиқат сиёсї кардани мазҳаб оқибати хуб надорад ва мисоли рушани онро мо дар воқеаҳои охирини кишварҳои Араб хуб мушоҳида мекунем. Мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки андешаҳои нопоки Кабирӣ ва Шарофиддин Гадоев халалдори сохти давлатдориамон гардад.

Амон Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд