Ҳавои гарми тобистони соли 1992 буд. Дар паси садҳо нафар ман ҳам навбат мепоидам. Бояд ба хона нон (хлеб) мебурдам. Он замон ҳанӯз ҳафтсола будам. Ҳини навбатпоӣ дар сар суҷаҳои ҷолиб ва хуберо сохтам ва равшан медидам, ки дар даст нон аз дари хона медароям. Интизори волидайн мешавам, ки кай аз саҳро меоянд ва маро таҳсин мекунанд: “Писари нонбиёрам ба мурам”, “Э, бачаи ман калон шудаст!”, “Қадами потба мурам бачаҷони калони худам...” Ман ин саҳнаҳоро мисли филмҳои ҳунарӣ гӯё дар экрани калон равшан медидам. Дар сар филмофарӣ мекардам, ки садои Раҳимов Азимҷон ба гӯшам расид. Дар лаби ҷӯй амаки Азимҷон, ки синнаш ба шаст расида буду ҳама ӯро “малим” садо мекарданд, аз даргириҳо, манфиати ҳукумат, танку тӯб, ҷониби мухолиф, таҳмилӣ будани ҷанг дар кишвар, тақдири ояндаи миллат ва ҳазорҳо ибораҳои дар он замон ба ман ношинос ҳарф мезад ва дар атрофаш хурду бузург ҷамъ омада буданд. Дар атрофи муаллим, дигар шахсони калидии ҷомеаи мо Сайфиддин Бобоев, Аслам Ғоибов, Туйғун Шарипов ва дигарон низ қарор доштанд. Ҳама бо фаҳмиши худ ба ин баҳс ҳамроҳ мешуд. Савол медод, ҷавоб мегирифт. Қонеъ нашавад, мавзуъро ба баҳс мекашид. Хуллас ҳар кас бо коре рӯзашро кӯр мекард, то дар гармои тобистон гузашти вақт барояш нанамояд. Ман бо хаёлоти хеш банд будам.

  • Ҳоло лозим шавад, мо ҳам ба ҷанг меравем! – мегуфт муаллим.

Нисфирӯзӣ низ фаро расид. Сахт гурусна будам. Зеро он саҳар дар хона нон надоштем. Бе нон чой ва пиёз хӯрдем. Ман дар олами худ ғӯтавар шуда, чӣ сон ба дари моғозаи коопаративӣ наздик шуданамро надониста мондам. Умар Усмонов мағозачии шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Зафаробод ба ман зеҳн монд ва пурсид, ки писари кӣ мешавам.    

  • Ман писари Ориф! Орифи угукӣ.

Инро гуфтаму ба нонҳо назар кардам. Гарчанд он рӯзҳо нонҳои болаззат намеоварданд , аммо ҳар нон ба назарам зебою муҷалло, хуштамъу болаззат менамуданд. Аз ғояти гуруснагӣ дарк накардам, ки акои Умар ба ман чӣ гуфт. Чизе шунидам, аммо ба пуррагӣ нафаҳмидам. Сар бардоштам. Аз чеҳраам хонд, ки ман суханашро нафаҳмидаам. Такрор кард:

  • Номи хонаводаи шумо дар рӯйхат нест. Падарата гӯй омада номнавис кунанд. Ман ту ба ҳозир нон дода наметавонам. Гузар! Марҳамат, навбати кӣ?

Тарбуз аз бағалам афтид. Чӣ сон аз байни анбуҳи мардуми нонпой гузаштам намедонам. Бе ихтиёр аз чашмонам ашк мерехт. Ашкҳояшро тез-тез пок мекардам. Намехостам, ки маро заиф бинанд. Намехостам, ки ба рӯям ханданд ва гӯянд, ки фалонӣ аз бенонӣ гирист. Ҷониби хона, бе нон ва шиками гурусна равон шудам. Мағоза ва хонаи мо дар як кӯча қарор доштанд. Гарчанд хонаи мо аз мағоза дур набуд, аммо роҳ бароям тӯлонӣ намуд. Медидам, ки ҳамсояамон Фатҳулло Саидалиев нон дар даст ҷониби хонаашон медавид. Хурсандӣ мекард. Он рӯз бароям рӯзи сиёҳ буд. Ман мафҳуми ҷангу мухолифатро намедонистам, аммо аз ғояти гуруснагӣ нон хӯрдан мехостам. Ҳамин бароям кифоя буд. Нон хӯрдан мехостам. Он бегоҳ падарам намедонам аз куҷое як нон (хлеб) ёфта оварданд. Аммо ман он рӯз қаҳрамон набудам. Зеро нон овардан натавонистам.

Чандин маротиба шоҳид шудаам, ки волидайнам ҳангоми қисмат кардани нон ҳиссаи худро ба баччаи гуруснатар ва тез тамом кардаи хонадон медоданд. Мегуфтанд, ки шикамашон сер аст. Ҳоло мефаҳмам, ки онҳо низ мисли мо гурусна будаанд. Аммо...

Дар он замонҳои сахтӣ ва ҷанги бародаркуш чандин маротиба ҳини бо шиками гурустна хоб кардан орзу карда будам, ки аз хоб хезам ва наздам даҳ нон болои ҳам бошад. Орзуям доштани мошинча, дафтар, китоб, қалам, дониш андӯхтан ва дигар ҳавасҳои бачагӣ набуд. Мехостам нон дошта бошем. Ҳатто агар нони қоқ бошад, ҳам бароямон давлат буд.

Дирӯз дар хӯроки шом дарак ёфтам, ки як халта нони қоқ дар хона дорем. Гуфтам аз он нон мехоҳам тановул намоям. Оврданд. Нонро тар карда хӯрдам ва ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Рӯзҳои буд, ки нонро хоб медидем ва ҳоло дастурхонамон пур аз нону неъмат аст.

Дилам ба ҳаммиллатони ҳамқисматам – мардуми Афғонистон месӯзад. Мо низ мисли онҳо ҷанг доштем. Ҳамдигарро куштем. Ба хонаи ҳамдигар даромада, онро ғорат кардем. Аммо дар мо хирад ғалаба кард. Ҳоло орзуҳои бачаҳои ман дигаранд. Яхмос, лимпопо, шашлик, китоб, дафтар, шеър, мактаб... Зеро дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ мекунанд. Ҳоло ҳамаро доранд. То ҳол бачаи кӯчаки афғон мисли кӯдакии ман шояд нон хоб мебинад. Шояд шикамаш аз нон сер нест. Шояд бо ин орзуҳо калон мешавад.

Мо барои он ба ин рӯзҳои хуш ва садоқату пирӯзӣ расидем, ки ҳар лаҳза худсозӣ кардем. Бузургони миллату давлати мо дар вақти лозима худро сӯхтанд, то мо ин гуна ҳаёти хуб дошта бошем. Имрӯз мо бояд худсӯзиву худсозӣ кунем, то ояндагон ҳаёти шоистатареро соҳиб бошанд. Иди бузурги миллат – 30 солагии ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ба ҳамаи мардуми шарифи тоҷик муборак бошад!

Осим Орифпур