Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки ормони ҳазорсолаи халқи тоҷикро ҷомаи амалӣ намуд.  Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Истиқлолият мояи саодати миллат, озодии давлат, шукуфоии кишвар ва ривоҷу равнақи ҷамъият буда, маҳз аз файзу баракати истиқлолияти сиёсӣ аст, ки ба дастоварду муваффақиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва миллию маънавӣ ноил гардидаем.

       24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал "Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ" (ИҶШС) қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлолияти комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.  Пас аз "табадуллот"-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода, ки коммунистони тундрав  19-21 августи соли 1991 дар ш. Москва ташкил намуданд,аз нав муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлолияти комили Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар ш. Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд, ва эълон намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазоҳуркунандагони гирдиҳамоиҳо дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.  9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати "Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"- ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

Бо шарофати пойдории истиқлол дар кишвар хулқу миллати тоҷик зиндагии орому осоишта гардида, соҳиби давлати озоду мустақил гардид. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Маҳз истиқлол ба мо имкон дод, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонид. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Дар зарфи сӣ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем. Дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсӣ ва ҳуқуқиро татбиқ намуда, барои рушди иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардем, дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намудем. Соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои аввали он барои мардуми мо марҳалаи бисёр вазнин ва озмоишҳои сангин буданд. Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд. Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.

Ҳар соату рӯз, ҳафтаву моҳ ва ҳар фаслу соле, ки аз қабули ин санаи ҳикматафрӯз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин мафҳуми муқаддас, яъне «Истиқлол» барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар пурфуруғтару пуршукӯҳтар мегардад. Зеро ин кишвар ба самте ҳидоят шудааст, ки дар он саодати пайвастаи мардум ва шукуфоии ҷовидонаи давлат ҳувайдо гардидааст.Ҳамагии файзу баракот ва фатҳу футуҳоти қуллаҳои мурод дар кишвари азизу дӯстдоштании Тоҷикистон ба шарофати раҳнамунии бузургворонаву хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки чун мисоли офтоб дар зулмати ҳаёти ҷомеа тулуъ карданд ва кишвари моро ба вусъатободи озодиву озодагӣ оварданд. Дар иртибот ба нақши бағоят муҳим доштани истиқлолият дар раванди ташаккули давлатсозии миллатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки «Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт».Воқеан, Тоҷикистон маҳз бо туфайли истиқлолияти давлатӣ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Он  дастовардҳои беназирро, ки бо дастбурдҳои ҳаётбахши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи мо соҳиб гардид метавон соатҳо шумор кард. Аммо муроди мо ин аст, ки бо далел ва арқом овардани чандин музаффариятҳои фасли иқтисод дар баробари барномаи бузурги оянда қарор доштанамонро бештар аз пештар эҳсос намоем ва бо қуввату қудрати садчандон барои таҳкими қасри истиқлоли миллат нақшгузор бошем. Зеро инсонҳои асил аз он наменоланд, ки ватан барои онҳо чӣ додааст, балки аз худ ҳамеша суол мекунанд, ки барои ватан чӣ додааст?!! Мо низ бояд чун фарзандони асили диёри худ, бояд аз худ бипурсем, ки барои таҳкими решаҳои истиқлолияти давлати миллиямон чӣ хидмати фарзандонае анҷом додаем.

Хуршед Худойбердиева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд