Халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад.

Ин миллати фарҳангсолору тамаддунсоз дар давраҳои гуногун зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкори кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст.

Мардуми шарафманди мо дар ҳамаи  марҳилаҳои таърих барои ҳифзи ҳувият ва анъанаву арзишҳои миллии хеш бо қавму қабилаҳои саҳрогарду бодиянишин талош ва муқовимат карда, дар ин роҳ ҳазорон нафар фарзанди номоварашро аз даст дода, бо мушкилиҳои зиёд ба истиқлолу озодӣ расидааст.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишави мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, боз ҳам муттаҳид гардем, ба рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои сулҳу суботи пойдор талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем.(Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.)

Тоҷикистон дар якум моддаи Конститутсия (Сарқонун) эътибори махсус ва ҷидди дод, ки дар он чунин масъалаҳо оварда шудааст:

  1. Таъмини озодию осудагии ҳаёти инсон дар қаламрави мамлакат, ки онро истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшид.
  2. Фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати озодонаи ҳар шаҳрванди давлат, таълиму тарбия дар мактаб ва оила, донишкадаю донишгоҳҳо, ҳунаромӯзӣ ва гирифтани табобати бепул дар муассисаҳои тиббӣ.
  3. Таъмини озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни давлатамон.
  4. Рӯ овардан ба асолати худшиносӣ, расму оини аҷдодӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, ки ин ҳама тавассути таҷлили ҷашнҳои таърихию миллӣ ва симоҳои оламшумул амалӣ гардид;

 

Каюмова М.Г., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд