Дар ҳамаи давру замонҳо ислом ба гурӯҳ, қисм ё худ ҳизбе, ки тафриқандозиро миёни мардум эҷод менамояд, ниёзманд набуд ва нахоҳад монд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кадом давлату миллате, ки ҳизби сиёсии динӣ мавҷуд бошад дар он ҷоно оромию тарсу ваҳшоният ва куштору ҳодисаҳои хатарнок хуруҷ дорад. Аз ин рӯ ин ташаббус шоистаи дастгирӣ мебошад.

Зеро ба андешаи мо аз фаъолият мондани ҲНИ бисёре аз ҳамдигарнофаҳмӣ, тафриқа андозӣ  ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористиро  боз дошт.

Шукрона барои мардуми тоҷик ҳамаи шароитҳо барои таҳсил, истироҳат, зисту зиндагонӣ ва кору фаъолият фаровон аст. Вале, ташкил кардани ҳизб бо номи «Наҳзати ислом» магар дуруст аст? Зеро ки исломин маданият, ибодат, гузаронидани расму оин, рукнҳои динӣ ва ҳаёти инсониро тарғибу ташвиқ менамояд. Барои намозгузорони мамлакат масчидҳои ҷомеъ ва марказӣ дари худро боз намудааст, то ки мардум ибодат кунанд. Ё тарҷимаю тафсири китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, эълон гардидани бузургдошти Имоми Аъзам, бозгардидани муассисаҳои таълимии қонунии исломӣ ва даҳҳои дигар чорабиниҳо аз таваҷҷӯҳи асосӣ ба шумор рафта, дониши динию дунявии шаҳрвандонро сол аз сол қавитар ва огоҳтар менамояд.

Шояд савияи дониши мо то имрӯз намерасид вале имрӯз ҷаҳонбинӣ, сатҳи маърифат ва муносибат бо дин дигар шудааст. Манзур аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки қонунгузорӣ оиди фаъолияти бисёрҳизбӣ иҷоза медиҳад ва иҷозат ҳам дод. Вале ҷавонону шаҳрвандони мо медонанд ва ниёз ба иттилоъ ҳам надоранд, ки ҷомеаи мо ба ҳизби исломӣ ниёзманд нест.

Ба мисолидигар, баромад кардани баъзе аъзоён ва гӯё пешвоёни ҲНИ дар маърака ва расму оинҳои динӣ – мардумӣ оид ба ҳидояти мардум ва ошноӣ аз ақидаҳои динӣ ин хизматионҳо нест. Ин ҳама анъанаҳои динӣ ва маросимҳое, ки солҳои сол идома ёфтаистодааст, бидуни фаъолияти ин ҳизб ҳам мардуми Тоҷикистон ҳама мусулмонанд ва аз дину диндорӣ бархӯрдоранд. Аксари мардумони Тоҷикистон тарафдори исломи анъанавие мебошанд, ки дар тӯли 70-соли ҳокимияти Шӯравӣ ва то имрӯза рӯзи вуҷуд дорад.

Боварии комил дорем, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт.