Таърих исбот намудааст, ки яке аз омилҳои пешравии ҷомеа Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Зеро, ба сулҳу ваҳдат асоси зиндагии хурамму ободи ҳар як сокинони ин сарзамини биҳишосост. Дар ҳамин радиф мо, мардуми саодатманди диёр низ умед бар он мебеандем, ки Ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои шикастнопазири давлатамон, баъдан тамоми мардуми кишвар бо ҳисси воло масъулияти хешро дар баробари миллати мақомоти давлатии Тоҷикистон ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагузоранд пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф шаванд. Набояд фаромўш кард, ки дар Тоҷикистон барои ташаккули ваҳдати устувори миллӣ монеаҳои зиёде дар гузашта ҷой доштанд, ки он миллатро дар охир ба ҷанги бародаркуш оварда расонид.

Гуфтан ҷоиз аст, ки чи гуна бо вуҷуд доштани чунин гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорон сулҳу ваҳдат пойдор мемонад. Санаи 22 – октябри соли ҷори саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорон аз ҷумлаи Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Крамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалмонович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунавар Наврӯзбекович ва дигар сокинони алоҳидаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бинои Прокуратураи вилоят савганд ёд кардаанд, ки қатъиян ба чунин амалҳои характери ҷинояткоридошта даст намезананд ва дар ҳамин ҷо ба санади меъёрӣ – ҳуқуқии қотеъият имзои хешро гузоштанд, ки минбаъд барои ислоҳи ҷинояҳои хеш мекӯшанд ва тартибу низомро барои ҳамеша риоя менамояд.

Ба Шумо ҷавонони саодатманди диёр давлату миллат имрӯз пурра такя намуда, боварӣ дорад, ки барои решакан намудани амалиётҳои ҷинояти дар мамлакат ҳамеша талош варзед, нагузоред, ки сулҳу ваҳдати миллати моро касе нодида гирад ва амнияти мардумони ватанпарвари кишварро дар хатар гузорад.