Рӯз то рӯз вазнин шудани вазъи сиёсии олам, бархӯрди тамаддунҳо, пурқувват шудани ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои тундгароӣ аз ҳар шаҳрванди соҳибназар донишу матонати волоро тақозо дорад. Махсусан барои сокинони кишвари мо, ки аз лиҳози геополитикӣ дар мавқеи ҳассос қарор дорад, огоҳ будан аз оқибатҳои ҳузнанегези амалҳои террористӣ бар фоидаи кор мебуд. Мо медонем, ки нақши васоити ахбори омма дар расонидани иттилооти воқеиву дуруст хеле калон аст. Аммо миёни рӯзноманигорон шахсияҳое низ мавҷуданд, ки ба хотири манфиатҳои шахсии худ касби муқаддаси худро пушти по мезананд. Солҳои кабл аксари рӯзномнигорони Рус ба вазъи сиёсии кишвари мо баҳои манфӣ медоданд, аммо воқеияти ҳолро дида, чандин нафарон фикри худро комилан нисбати кишвари мо дигар карданд. Яке аз чеҳраҳои саршиноси журналистикаи Рус Владимир Соловлёв борҳо аз ҳуқуқу манофеи тоҷикон ҳимоя кард. Чунин рӯзномнигорон ва шарқшиносони зиёде ҳастанд, ки моро дар ҳама ҷода чун меросбарони фарҳангӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо теъдоди ҳасудхурону ҷоҳилон низ аз миёни рӯзноманигорон низ кам нестанд. Масалан Бахтиёр Раҳимов дар мақолаи хеш «Коршиносони ғайриҳирфаии Рус воқеиятро дидан намехоҳанд» исми Аркадий Дубнов ва Олег Панфилов,  А.Серенко, А.Грозин ва А.Князев барин рӯзноманигоронро овардааст, ки воқеаи даҳшатбори амали террористии санаи 29 июлро яктарафа баҳогузорӣ кардаанд. Ин шахсиятҳо рӯзноманигорони зархариди ТЭТ ҲНИ буда, онҳо бо ин амалашон мардуми Рус ва умуман ҷаҳониёнро алайҳи кишвари мо хезонанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Имрӯз гунаҳкорони ин теракт дастгир шуданд ва дар назди қонун посух хоҳанд гуфт. Ин сиёсати духӯраи коршиносони Рус моро тақозо дорад, ки якдилу якҷо ва муҳимтар аз ҳама дар мавқеи худ устувор бошем.

Абдушукур Назаров,

Анваридин Муҳиддинов,

Азизулло Авезов, 

профессорони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд.