Изҳороти Анҷумани озодандешони Тоҷикистонро мутоила карда, ба чунин хулоса омадем, ки дар кишвари мо то ҳол ҳамагӣ торикандешон зиндагӣ доштаанду мо ба «қадри» озодандешагон нарасидем. Ин нафарон, ки шахсиятҳои носипоси миллат ҳастанд, мехоҳанд бо ҳар гуна суханбозиву ҳарзагӯи дили халқро ба худ моил созанд. Саидюнуси Истаравшанӣ кист, ҷомеаи кишвар ба хубӣ медонанд. Ин шахсиятест, ки тору пуди худро ба хоҷагагони бегона бахшидааст. Ва як маддоҳи аз дини ислом дурмонда, як мардест, ки ҳатто хешону пайвпандонаш дӯст намедоранд. Ва  то кунун мардуми Истаравшанӣ бовар надоранд, ки аз ин минтақаи шахсиятҳои машҳур ба дунё омада, як нафар хоин, дастнигари хориҷиён ба камол расидааст. Темур Варқиро хонандагон бо мақолаҳои бӯҳтонангезу ҳарзагӯияш хуб мешиносанд. Чун дар кишвар ҷое намонд, ки ӯ мавриди танқид қарор диҳад, ба Аврупо ҳиҷрат намуду имруз бозичаи дасти дигарон гаштааст. Акнун меоем ба сари он ислоҳоте, ки онҳо мехоҳанд бо кӯмаки халқ ба субут расонанд. Ба андешаи онҳо имрӯз ҷомеаи кишвар побанди амалҳои коррупсионӣ, зӯроварии нафарони озодандеш аст. Агар чунин мебуд, пас чаро беш аз 350 расонаҳои хабарӣ, ки аксаран хусусисанд, кору фаъолияти бомаром доранд. Ҳар он нафаре, ки мехоҳад камбудиҳои ҷомеаро ислоҳ кунад, минбарҳои нашрияҳо, воситаҳои электронӣ васеъ дар истифода қарор дорад. Пас ин нафарон, ки такя ба ҷавонон доранд, мехоҳанд нерӯи зудгузари ҷавонро бар фоидаи мақсадҳои ғаразноки худ истифода баранд. Аммо беҳтарин неъмат барои ҳар як сокини кишвар ин озоди ва фазои хуби зиндагист, ки тавассути истиқлолияти комил ба даст овардаем.  

Воқеан Истиқлолиятӣ давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост, ки тамоми наслҳои миллати сарбаланди  тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин рӯйдоди одилонаи таърихӣ танҳо насиби насли имрӯзаи тоҷикон мушарраф гардида, боиси шарафу ифтихори  мост.

Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чандин иншоотҳои бузурги варзишӣ, фароғатӣ, муассиаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд, ки ҷавонони бонангу ор дорои   имкони  хуби таҳсил ва фароғат гаштанд, ки ҳамаи ин бевосита меваҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Вале як чизро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз имтиҳони сахти таърихӣ гузашта, бо худшиносиву матонат худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит намуд, ки соҳиби  таърихи пурифтихор ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.

Пас моро мебояд, ки ба қадри он расида, пойбанди ҳамагуна таблиғи беасос набошем.

Ҷавонони фаъоли ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд