Имрӯзҳо ҷомеъаи мо бо ворид гардидан ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ин хатарҳо на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба ҳамаи давлатҳои курраи замин новобаста аз дину мазҳаб таҳдид мекунанд. Коршиносон ва сиёсатмадорон як қатор омилҳоро сарчашма ва заминаи афзоиши терроризм ва экстремизми динӣ, яъне падидаи хавфноки замони муосир меҳисобанд.

Пеш аз ҳама, ин омилҳо, шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҷараёнҳои экстремистии динӣ, афзоиши ақидаи фундаменталистӣ дар байни онҳо ва тағйир додани мафкураи ҷавонону наврасон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири иштироки фаъолона дар самти мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солои 2016-2020”-ро таҳия ва қабул намуд. Тибқи ин барнома тайи чанд соли охир, дар кишвари мо байни ҷомеъа корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷа нафарони зиёди гумроҳ аз сафҳои гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин раванди шомилшавии ҷавонон ба ин созмонҳо пешгирӣ шуда истодааст, ки ин воқеан натиҷаи амалии барномаи мазкур аст. Мувофиқи оморҳои расмӣ ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ 175 нафар шаҳрвандони кишвар, ки ба ҷодаи гумроҳӣ афтода буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2018 дар маҷмӯъ 75 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд, ки ин натиҷаи амалии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар аст. Барои боз ҳам босамартар гардидани раванди амалисозии барномаи мубориза ба муқобили экстремизму терроризм ҳамкории бештари мақомоти дахлдор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст. Ин ҳамкорӣ бояд мақсаднок, самаранок ва амалишаванда бошад. Чунки масъулияти бехатарӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвару ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ инчунин бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар низ мебошад.