Агар ҲНИ ва «Паймони миллӣ»  дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ намуда, дар миллати мо хостад, оташи ҷангро барангезанд. Чуноне ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи намояндагони ТЭТ ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳӣ ва босмачигиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Боқӣ, ин тоифаро инсоф диҳад, бигзор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд. Онҳо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷой ягон гап ҳаст, яъне мардум ҳамин тавр ба рафти фаъолияти ТЭТ ҲНИ беҳуда таваҷҷӯҳ зохир намуда, натиҷабардорӣ накард ва фаъолияти ин ташкилоти терористиро мамнӯъ эълон накардааст. Ин ақидаде буд, ки замони манъи ин ҳизб миёни мардум гап гап шуда буд, аммо ин ақидаҳо ба ҳакқиқат мубаддал гаштааст, ки рӯз то рӯз ин нохалафон аз ҳар манотиқи дунё истода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ сохта истодаанд. Яъне, ҳамон “зери коса нимкоса ҳаст”, гуфтани мардумон имрӯз дар амали ин террористон инъикос ёфтааст.