Алим Шерзамонов, ки дар гузашта ба ҳизби сотсиал-демократ хиёнат карда, худро ба наҳзатиҳо пайваста буд, дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки мо бо таъсиси созмони «Паймони миллӣ» интизор доштем, ки мардум онро бо хушнудӣ қабул мекунад, аммо давоми як моҳ аст, кия гон вокуниши мусбате нисбати ин тадбирандешии мо нашудааст. Воқеан чаро мардум ба ин амалкарди онҳо бархӯрди мусбат кунанд, вакте ки сарварии ин ниҳодҳои сохтаро 4 наҳзатӣ бар дӯш доранд. Яъне, хар ҳамону пӯстинаш дигар.

Масалан Илҳом Ёқубовро кӣ нмешиносад. Дар гузашта тоҷиру муваффақ ва фарзанди устоди ДДХ буд. Ӯ раисии ҲНИТ дар шаҳри Хуҷандро бар дӯш дошт. Ё Шарофиддин Гадоев ӯ низ тоҷири  пешрафта буд. Чун қонунгузории кишвар барои фаъолияти соҳибкориаш санадҳои меъёриву ҳуқуқиро талаб кард, думро хода карда гурехт. Акнун ин нафарон ба худ мансабҳои сохта гирифта, мехоҳанд ҷомеи ҷахониро ба худ кашанд.   

Ба ин нафарони ҳардамхаёл, ки думравони Кабирӣ ҳастанд гуфтанием, роҳи интихобкардаатон хатост. Беҳуда зӯр назанетон, то миёнатон нашиканад.