Тоҷикистон кишвари зебову дилнишин ва табиати хело назаррабо дорад. Мардумони фарҳангсолору соҳибмаданияташ бо иродаи қавию масъулиятшиносии беш аз пеш барои пойдору устувор намудани пояи ваҳдати миллӣ ва ягонагии он талош менамоянд. Дар воқеъ дӯст доштани миллату ватан аз назари бархе “исломдонҳо” хушоянд нест. Яъне дар ниқоби ислом хилофату адоватро истифода мебаранд. Сухану амали аъзоёни ин ҳизбҳо ба ҳамдигар рост намеояд, зеро дар фармудаҳои Худованд инсон ҳаргиз сабабгори канда шудани риштаи умри дигарон набояд бошад. Вале чун мебинем, «сарбозони роҳи ислом», ки худро ҳамчунин унвон мекунанд, ба таври ҷаҳолат сари инсонҳоро мегиранд ва онро тариқи навор ба оламиён нишон медиҳанд. Магар ин амалро ислом дастгирӣ мекунад, ҳаргиз на.

Итминони комил дорам, ки дӯст доштани марзу буми Тоҷикистон ва азизу муқаддас донистани як зарраи хоки он, гиромидоштан ва ифтихор кардан аз сарвари давлат барои равони наҳзатиҳо зарбаи ҳалокатбор мезанад.