Агар ба таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ назар андозем, дар онҳо ду қувваи асосӣ бо ҳам мубориза мебаранд. Яке қувваи некӣ ва дигаре қувваи бадӣ. Қувваи некӣ ба аломатҳои равшанӣ, тозагӣ, покизагӣ ва ғайра васф карда мешавад. Қувваи бадӣ бошад бо аломатҳои торикӣ, сиёҳӣ, чиркинӣ ва ғайра баён карда мешавад.

Имрӯзҳо аз чӣ сабаб бошад, ки баъзе аз нафарон ва ё гурӯҳҳои мухталиф кӯшиш мекунанд, ки бо ранги сиёҳ дигаронро тарсонанд ва ё дар дили одамон хавф пайдо намоянд. Ин амал ба он оварда расонидааст, ки ҳатто ба либоспӯшии баъзе аз мусалмонон таъсири худро гузоштааст. Агар аз телевизионҳо мушоҳида намоем, одатан гурӯҳҳои террористӣ ранги сиёҳро бештар нишон медиҳанд. Онҳо парчамҳои худ, либосҳо ва амалҳои нопоки худро таҳти ранги сиёҳ ба амал меоранд. Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз занони тољик аз сабаҳои надонистан либосҳои сиёҳро бисёртар мепӯшанд, ки он ба психология, яъне рӯҳияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба таври дигар гӯем, либосҳои сиёҳ пӯшидан боиси он мегардад, ки ба ҳамаи чизҳову амалҳои дигарон ба таври манфӣ нигоҳ кардани онҳо мегардад. 

Дар Қуръони карим ва ё аҳодиси набавӣ гуфта нашудааст, ки мусалмонон либосҳоро бо рангҳои сиёҳ бипӯшанд ва ё ягон сухани дигар ба ранги сиёҳвобаста нашудааст. Баръакс, дини мубини ислом ба амалҳои мусбӣ тарғиб карда, мусалмононро ба ҳаёти хушбахт ташвиқ менамояд.

Агар мо ба пирони барљомондаву бибиҳои куҳансол оиди либосҳои занона дар давраи онҳо суол намоем, дар љавоб мешунавем, ки занҳо либосҳое мепӯшиданд, ки на танг буду на тунук ва дар сар рӯймолҳои миллӣ бар сар мекарданд. Ин маънии онро дорад, ки пӯшидани либосҳои сиёҳ дар рӯҳияи фарҳангии халқиятҳои Љумҳурии Тољикистон љой надорад ва моро лозим аст, ки ин масъаларо ба мадди назар бигирем ва ба онҳое, ки либосҳои сиёҳро ба бар мекунанд корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ гузорем.

Илова бар ин, ба он занҳое, ки ба фарҳанги ғарбӣ таассуб карда, шимҳои љинс ва тарангу тунук мепӯшанд оиди афзалиятҳои либосҳои миллӣ фаҳмонида дода, нисбати ин масъала беэътибор набошем.