Дар замони ҷаҳонишавии босуръат мо амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои диниамон барои рушди давлатамон хизмат намоянд ва ба ҳаёти маънавии мо ранги тоза бахшанд.

Ин аст, ки давлати мо аз масоиле, ки Амрико аз он пайрави дорад, дур аст. Хабаре, ки гӯё давлати мо ба рӯйхати сиёҳи Амрико ворид гардидааст, моро ҳеҷ нигарон накaрдааст. Зеро то имрӯз мо ба кӯмаки мадади касе мӯҳтоҷ набудем. Давлатамонро худамон сохтему бино кардем. Амрико ҳатто як хиште нагузоштааст, ки барои бино шуданаш зимина гардад. Аз ҳамин лиҳоз муаммои ба рӯйхати сиёҳ ворид гардидани кишвар ва канда карда кӯмаку дастгириҳо аз ҷониби Амирико ягон масъалае нахоҳад буд, ки моро ба ташвиш оварад.

Тавре ба мо маълум аст, кишвари мо Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, комилҳуқуқ, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Дунявӣ будани давлат кафолати он аст, ки масъалаҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошад. Татбиқи ин қонун барои ҳар кадоми мардуми шарифи кишварамон то кунун зиндагии шоиставу арзандаро муҳайё сохтаст